ХОҶАГИИ ОБ АЗ МУЗДИ МЕҲНАТ ҚАРЗДОР НЕСТ
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти Раёсати хоҷагии оби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар нӯҳмоҳаи соли 2009 тибқи сметаи хароҷот баҳри амалисозии корҳои обёрикунӣ 331, 2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки аз он ба маблағи 294, 8 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом дода шуданд. Оид ба ҳисобӣ намудани маоши коргарон бояд изҳор дошт, ки то 1 –уми октябри соли ҷорӣ Раёсати хоҷагии оби вилоят аз музди меҳнат қарздор нест. Музди меҳнати миёнаи коргарон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ 304 сомониро ташкил дод. Тамоми намуди андозҳо ва фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 354 ҳазор сомонӣ ҳисобӣ шуда, ба буҷет равона карда шудааст. Қарздорӣ аз ҳисоби андозҳо ва фонди фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вуҷуд надорад,- иброз дошт сардори Раёсати хоҷагии оби вилоят Баҳодур Сулаймонов ба мухбири АМИТ «Ховар».








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






