ИҶРОИ ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОД

Октябрь 10, 2009 12:34

                 Мӯъминобод, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Мӯъминобод яке аз ноҳияҳое мебошад, ки барномаи давлатии амалиёти об барои ҳайёт солҳои 2005-2015 дар он ҷо дар амал татбиқ карда мешавад. Маврид ба ёдоварист, ки дар ноҳия ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи давлатӣ бо ташкилоти байналхалқӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, то имрӯз аксари сокинони ноҳия бо оби ошомиданӣ таъмин гардидаанд. Акнун ҳукумати ноҳия бо маблағгузории ташкилоти КАРИТАС-и Швейтсария зери як лоиҳа сокинони деҳаи Ханатароши ҷамоати деҳоти деҳбаландро бо оби ошомиданӣ таъмин намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳукумати ноҳия бо ташкилоти мазкур дар асоси 28 лоиҳа аҳолии деҳаҳои ноҳияро бо оби нӯшокӣ таъмин намудааст, "иншооти мазкур аз иншооти қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад", -гуфт зимни сӯҳбат роҳбари ташкилоти KARITAS-и Швейтсария дар ноҳияи Мӯъминобод Алихон Наимов ва илова намуд, ки фарқияти дигари лоиҳа дар он аст, ки дар нуқтаи тақсимоти об тибқи ҳисобкунакҳо дода мешавад. Бо ин тадбир танзими об ба роҳ монда шуда, истифодабариии он саривақт пардохт мегардад.                   Дигар сокинони деҳа дар расми ифтитоҳи иншооти обтаъминкунӣ иштирок ва суханронӣ намуда, миннатдории худро ба ҳокимияти маҳаллӣ ва маблағгузорон баён намуданд. Ба гуфти масъулин ин лоиҳаи таҷрибавӣ буда, он дар оянда дар ҳамаи иншооти обтаъминкунии ноҳия амалӣ гардонида мешавад.

Октябрь 10, 2009 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад