ИШТИРОКИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАШНИ 60 – СОЛАГИИ ЧИН
Пекин, 2 октябр. (АМИТ «Ховар» — russian.china.org.сn). – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов баъди чошти 1 октябр дар маросими ботантанаи таҷлили 60 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат варзид. Вай баъди анҷоми расми гузашт зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки дар ҷараёни он муваффақиятҳои дар давоми 60 – сол ба даст овардаи ҳамаи вилоятҳо ва минтақаҳои мамлакат намоиш дода шуданд. Қайд карда шуд, ки қисмати ба Ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғур дахлдоштаи ҷашн диққатҷалбкунанда буд. Ин ноҳия бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад ва шароити иқлиму табиат ва тарзи зиндагии мардуми он бо халқи тоҷик умумияти зиёд дорад. Дар ҷараёни ид намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва рақсу мусиқии миллии халқҳои ин ноҳия намоиш дода шуданд. Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур тӯли солҳои охир ба пешрафти калони иқтисодӣ ноил гардид, гуфт Рашид Олимов.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






