ИСТИФОДАИ ЗАМИН ТАШВИШОВАР МЕГАРДАД
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар солҳои охир, ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2- юми июли соли 2005 «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии ҶТ дар солҳои 2005 — 2009» хуб шуда бошад ҳам, аммо хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳанӯз дар самаранок ва оқилона истифода намудани он ба дастовардҳои назаррас ноил нагардидаанд,- иброз дошт директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ Маҳмадтоир Зокиров ба мухбири АМИТ «Ховар». Ҳолати мелиоративии заминҳо нисбат ба солҳои пеш хеле бад шудааст, ки сабаби асосии онро мутахассисон дар ташкили бади хоҷагидорӣ медонанд. Агар дар соли 2008 14 ҳазору 272 га замини корам, аз ҷумла, 12 ҳазору 209 гектар заминҳои обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда бошанд, дар 9 моҳи соли 2009 он ба 18 ҳазору 103 га расонида шудааст, ки 14 ҳазору 967 гектари онро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор заминҳо 1903 га бо сабаби шӯршавӣ, 847 га бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои обёрӣ, 436 га дар натиҷаи зер кардани селоб, 670 га дар натиҷаи нагузаронидани корҳои мелиоративӣ, 6607 га бо сабаби набудани об барои обёрӣ ва 7221 га бо сабаби ғайриқаноатбахш ташкил намудани хоҷагидорӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монданд, ки ин дар шароити Тоҷикистони камзамин хеле ташвишовар мебошад.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






