КИТОБИ ЭМОМАЛИ РАХМОН ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ БА ТАБЪ РАСИД
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайров Назаров ).-. -Дар доираи Соли бузургдошти Имоми Аъзам, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон гаштааст, дар Арабистони Саудӣ китоби бахшида ба ин шахсияти бузург бо номи "Назаре ба мероси Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа ан-Нӯъмон" бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расид. Тавре аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, китоби мазкур аз чаҳор мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳаёту фаъолият ва шахсияти Имоми Аъзам иборат аст. Ба мӯҳтавиёти китоб олими шинохта ва маъруфи олами Ислом Имом ва Хатиби Масҷиди Ҳарами Маккаи Мукаррама устод аш-Шайх Одил ибни Солим ал-Калбонӣ муқаддима навиштааст. Бояд таъкид намуд, ки ин китоб ҳам дар доираи Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва ҳам дар баргузории конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷумлаи иқдоми накӯ ва ибратбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






