КОНФРОНСИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ОЗАРБОЙҶОН
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз, дар Бишкек конфронси чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон оид ба масоили таъминоти ҳуқуқии мубориза бар зидди бемориҳои ВИЧ/СПИД ва муайян кардани самтҳои ҳамкориҳои минтақавӣ баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон иттилоъ доданд, дар ин конфронс вакилони порлумонҳо ва аъзои Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ҳамчунин кормандони созмонҳои мухталифи байналхалқӣ иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конфронс ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи назорат аз болои СПИД дар Осиёи Марказӣ Асомиддин Латипов, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, тандурустӣ ва экология Абдуҳамид Ҷамолов ва директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо СПИД — и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Рӯзиев иштирок доранд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






