КУРСҲОИ ТАЪЛИМИИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ

Октябрь 19, 2009 15:14

                Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – 17 нафар намояндагони вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои таълимии зиддитеррористӣ барои ҳайати қумондониро хатм карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд.                 Тавре дар сафорати ИМА қайд карданд,: «Роҳбарони зинаҳои миёна ва афсарони сатҳи болоӣ, ки ҳуқуқи қабул кардани қарор доранд, дар давоми се ҳафта ба намудҳои ҷории мубориза бар зидди терроризм бо роҳи гузаронидани чораҳои махсуси безараргардонӣ шинос шуданд. Аз ҷумла, иштирокдорон маҳорати ба нақшагирии амалиёти тактикӣ дар муҳити аз яроқи қатли ом заҳролудшуда ва идораи тактикии чорабиниҳои махсусу асосиро аз худ карданд. Иштирокдорони курсҳои таълимӣ як қатор дарсҳои амалиро оид ба тартиб додани нақшаҳои фаврӣ ва фармонҳои оҷилӣ дар ҳолати ба вуқӯъ омадани ҳодисаи гаравгонгирӣ ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт гузаштанд».                  Курсҳои таълимии зиддитеррористӣ барои ҳайати қумондонӣ бо сарпарастии Идораи амниятии сафорати ИМА дар доираи Барномаи кӯмак дар мубориза бар зидди терроризм бори сеюм гузаронида мешавад. Аз соли 2002 инҷониб 350 нафар намояндагони сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои таълимиро дар доираи Барномаи кӯмак дар мубориза бар зидди терроризм хатм кардаанд. Курсҳои таълимӣ ҳам дар ИМА ва ҳам дар Тоҷикистон гузаронида шуданд. Дар ташкил кардани курсҳои таълимӣ шаш миллион доллари ИМА харҷ шудааст.                  Ёдрас мешавем, ки Барномаи кӯмак дар мубориза бар зидди терроризм соли 1983 таъсис ёфта, яке аз бахшҳои идораи амнияти дипломатии департаменти давлатии ИМА мебошад. 

Октябрь 19, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд