КУШТОРИ КОРМАНДИ МИЛИСА ДАР ДУШАНБЕ

Октябрь 20, 2009 17:42

                Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, 19 октябр ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ корманди хадамоти пайраҳадории шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ сержанти калони милиса Бадалов Дӯстмурод аз ҷониби ҷинояткор парронда шуд.                  Д.Бадалов бо ҳамроҳии ҳамхизматаш Абдураҳмон Муродов ҳангоми назорати нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ дар боғи Дӯстии халқҳои пойтахт барои муайян кардани шахсияти марди шубҳанок ӯро нигоҳ доштан хостанд. Аммо, ин шахс бо истифода аз яроқи оташфишон ба кормандони милиса муқобилият нишон дода, ду маротиба ба тарафи Бадалов Д. тир паронд. Дар натиҷа Бадалов Д. дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд. Баъд аз ин ҷинояткор ба автомашина нишаста аз ҷои ҳодиса ғайб зад.                   Мувофиқи маълумоти пешакӣ ҷинояткор зери таъсири моддаи нашъаовар қарор доштааст.                  «Айни ҳол таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои дохилӣ генерал — майори милиса Рамазон Раҳимов гурӯҳи фаврӣ — тафтишотӣ таъсис ёфта ба ҷустуҷӯи ҷинояткор сафарбар гардидааст» — иттилоъ дод сарчашма.

Октябрь 20, 2009 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид