МАҒОЗАҲО ДАР ХАТАР

Октябрь 2, 2009 17:03

                 Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (ХДО) ВКД ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 1 октябр дар мағозаи хоҷагипарварии деҳаи Осмонбахши ноҳияи Данғара, ки ба Вазорати кишоварзии ҶТ тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷа алангаи оташ дар масоҳати 160 метри мураббаъ болопӯши мағоза ва тамоми молу ашёи онро сӯхта нобуд гардонд.                  Бо қабули бонги хатар оташнишонони ноҳияи номбурда ба зуддӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, бо истифодаи автомашинаҳои соҳавӣ сўхторро ба пуррагӣ хомўш намуданд.                Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса гумон меравад, ки сӯхтор бо айби соҳибкор Рӯзибой Муллоев ба амал омадааст.                 Ташхис нишон дод, ки сабаби сўхтор расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Зарари аз сўхтор ба амал омада маблағи 80 ҳазор сомониро дарбар мегирад. 

Октябрь 2, 2009 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд