МАҚОМОТИ АНДОЗ ҲУҚУҚҲОИ БЕШТАРЕРО СОҲИБ МЕШАВАНД
Душанбе, 29 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти андоз ҳуқуқ дода мешавад, ки тибқи тартиби ғайрисудӣ чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андоз, яъне ҳабси амволи андозсупоранда, боздоштани амалиёти хараҷотии андозсупоранда аз суратҳисобҳои бонкӣ ва ситонидани маблағ аз суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва дебиториро татбиқ намоянд. Алҳол, лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати баррасӣ дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон қарор дорад. Дар робита таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Сафар Сафаров ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Зикр шуд, ки зарурати таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади афзоиши воридоти даромадҳо ба буҷети давлатӣ тавассути таъмин намудани иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ, беҳтар намудани назорат ва маъмурикунии андоз, мутобиқ намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» таҳия шудааст. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷониб вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда шавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






