МАҶЛИСИ ИДОНАИ ШӮРОИ РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИ ГУМРУКИ ИДМ

Октябрь 7, 2009 12:02

                  Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — 9 октябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия Маҷлиси навбатии 50 – уми идонаи Шӯрои роҳбарони муассисаҳои гумруки ИДМ баргузор мегардад. Дар он роҳбарони муассисаҳои гумруки Русия, Белорусия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Арманистон, Гурҷистон, Украина ва Молдавия иштирок хоҳанд кард.Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни маҷлис масъалаҳои ташкили системаи ягонаи иттилоотии хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ, ҷараёни иҷрои ҳуҷҷатҳои дар соҳаи гумрук қабулнамудаи Шӯрои мазкур, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи кории омори хориҷӣ ва ҳисоботро дар бораи фаъолияти Кумитаи роҳбарони муассисаҳои гумруки Шӯро муҳокима хоҳанд кард. 

Октябрь 7, 2009 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд