МАБЛАҒИ ИНТИҚОЛИ ПУЛ КАМ ШУД
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси Ҷамъияти саҳомии «Агроинвестбонк» Ниёзмурод Саидмуродов дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи натиҷаҳои дар давоми ҳашт моҳи соли равон бадастовардаи бонк ҳисобот дод. Вай аз ҷумла, зикр кард, ки аз моҳи январ то моҳи сентябр маблағи пули дар муомилот будаи бонк як миллиарду 54 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 – ум 205,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маблағи дороии бонк дар ин давра 85,6 миллион сомонӣ афзуда, ба 206,6 миллион сомонӣ расид. Қайд карда шуд, ки додани қарз ба корхонаю хоҷагиҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, барои пешрафти пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти бонк мебошад. Соли равон аз ҳисоби маблағи бонк ва маблағҳои ҷудонамудаи вазорати молия ба соҳаи пахтакорӣ 43,3 миллион сомонӣ қарз дода шуд. Проблемаи асосӣ дар ин соҳа ҳамин аст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ маблағи қарзро пурра истифода бурда наметавонанд. Ин хавфи сари вақт бар нагардонидани маблағи қарзро ба миён меорад. Бонк соли 2008 ба корхонаю хоҷагиҳои соҳаи пахтакорӣ 89,8 миллион сомонӣ қарз дода буд, аз ин маблағ 52,3 миллион сомонӣ то ҳол баргардонда нашудааст. Ҷамъияти саҳомии «Агроинвестбонк» бо бонкҳои хориҷӣ дар бобати маблағгузорӣ ба соҳахҳои воқеии иқтисодиёт бо роҳи додани қарзҳои дарозмуддат ва пешниҳоди кафолатҳо самарабахш ҳамкорӣ мекунад. Бонк бо ин мақсад 21 барномаи қарзро ба маблағи умумии 27,2 миллион доллари ИМА, чор барномаи пешниҳоди кафолати бонкиро ба маблағи умумии 2,8 миллион доллари ИМА, 11 барномаи қарзи дарозмуддат (лизинг) – ро ба маблағи 4 миллион доллари ИМА дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, тандурустӣ ва фарҳанг амалӣ месозад. Дар ҷараёни иҷрои ин барномаҳо ба корхонаю муассисаҳои мамлакат техника ва технологияи навтарини замонавӣ ворид карда мешавад, ки яке аз роҳҳои муҳимтарини мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии корхонаҳо ва бо кор таъмин намудани аҳолии маҳаллӣ мебошад, гуфт Н.Маидмуродов. — Мутахассисони бонк ба истифодаи захираҳои мавҷуда бо роҳи расондани хизматҳои гуногуни бонкӣ ва ҷалби пасандозҳои аҳолӣ диққати махсус медиҳанд. Маблағи пасандози мизоҷони бонк дар давоми 8 моҳ 508,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Соли гузашта маблағи пасандози мизоҷон дар бонк ба 414,1 миллион сомонӣ баробар буд. Н.Саидмуродов зикр намуд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ сабаби кам шудани ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷа ба Тоҷикистон гардид. Ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷа ба воситаи «Агроинвестбонк» дар ин давра 161,7 миллион доллари ИМА ё ба андозаи 27 фоиз коҳиш ёфт. Дар ин давра ба воситаи бонк ба мизоҷон 436,6 миллион доллари ИМА дода шуд, ки аз хориҷи кишвар ворид гардидааст, гуфт дар хотима Ниёзмурод Саидмуродов.








Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст






