МАКТАБИ НАВ ДАР ШАҲРАКИ ДАРБАНДИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Октябрь 27, 2009 14:54

                27-уми октябри соли 2009 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳраки навбунёди Дарбанди ноҳияи Нуробод, ки минбаъд маркази ноҳия дар ҳамин ҷо қарор хоҳад дошт, ташриф оварда, нахуст дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани як мактаби нави замонавӣ иштирок намуд.                  Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки ин мактаб барои 1176 хонанда пешбинӣ шуда, дорои шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас мебошад.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии халқ, неъматҳои бебаҳои табиӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумии ноҳия дидан карда, бо аҳли заҳмат ва ҳунармандони мумтоз сӯҳбатҳои дилнишин анҷом дод.                  Зимни сӯҳбат бо занбӯрпарварони маъруфи ноҳия Тоҳир Шоев ва Назрулло Гулов маълум шуд, ки аввалӣ имсол аз 300 оилаи занбур 5 тонна ва дуюмӣ аз 250 оила 4,5 тонна асали кӯҳӣ ба даст оварданд.                   Зимни шиносоӣ бо биноҳои маъмурии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷумла, шӯъбаи корҳои дохилӣ, комиссариати харбӣ, суд, прокуратура, агроинвестбонк, амонатбонк ва ғайра, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ бунёд ёфта, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтаанд, иттилоъ дода шуд, ки сарфи назар аз мушкилоти бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, худи ҳамин рӯз дар шаҳраки Дарбанд 46 бинои нав ба истифода супорида шуд.                  Минбаъд маркази ноҳияи Нуробод пурра ба ҳамин шаҳрак кӯчонида мешавад.                  Бояд таъкид дошт, ки тамоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар биноҳои нави дорои тамоми шароити муосиру замонавӣ ҷойгир шудаанд.                   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо бинои нави беморхонаи марказии ноҳия ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, баҳри бо шароити боз ҳам беҳтару мутахассисони сатҳи баланд таъмин намудани он ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.                  Бояд таъкид намуд, ки ин беморхона бо техникаву таҷҳизоти хуби замонавӣ таъмин гаштааст.                  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Октябрь 27, 2009 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад