МАКТАБИ НАВ ДАР ШАҲРАКИ ДАРБАНДИ НОҲИЯИ НУРОБОД
27-уми октябри соли 2009 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳраки навбунёди Дарбанди ноҳияи Нуробод, ки минбаъд маркази ноҳия дар ҳамин ҷо қарор хоҳад дошт, ташриф оварда, нахуст дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани як мактаби нави замонавӣ иштирок намуд. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки ин мактаб барои 1176 хонанда пешбинӣ шуда, дорои шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии халқ, неъматҳои бебаҳои табиӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумии ноҳия дидан карда, бо аҳли заҳмат ва ҳунармандони мумтоз сӯҳбатҳои дилнишин анҷом дод. Зимни сӯҳбат бо занбӯрпарварони маъруфи ноҳия Тоҳир Шоев ва Назрулло Гулов маълум шуд, ки аввалӣ имсол аз 300 оилаи занбур 5 тонна ва дуюмӣ аз 250 оила 4,5 тонна асали кӯҳӣ ба даст оварданд. Зимни шиносоӣ бо биноҳои маъмурии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷумла, шӯъбаи корҳои дохилӣ, комиссариати харбӣ, суд, прокуратура, агроинвестбонк, амонатбонк ва ғайра, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ бунёд ёфта, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтаанд, иттилоъ дода шуд, ки сарфи назар аз мушкилоти бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, худи ҳамин рӯз дар шаҳраки Дарбанд 46 бинои нав ба истифода супорида шуд. Минбаъд маркази ноҳияи Нуробод пурра ба ҳамин шаҳрак кӯчонида мешавад. Бояд таъкид дошт, ки тамоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар биноҳои нави дорои тамоми шароити муосиру замонавӣ ҷойгир шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо бинои нави беморхонаи марказии ноҳия ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, баҳри бо шароити боз ҳам беҳтару мутахассисони сатҳи баланд таъмин намудани он ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод. Бояд таъкид намуд, ки ин беморхона бо техникаву таҷҳизоти хуби замонавӣ таъмин гаштааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






