МАЪРАКАИ ЭМКУНИИ КӮДАКОН ДАВОМ ДОРАД

Октябрь 6, 2009 11:00

                 Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Маъракаи эмкунӣ ва наҷоти кӯдакон аз беморӣ ба барномаҳои миллӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.                 Бино ба гуфти намояндаи фонди фавқулоддаи ёрӣ ба бачагони назди Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хонгвей Гао эмкунии саривақтии кӯдакон бар зидди бемориҳои бачагонаи гул ва сурхакон воситаи асосии аз бемориҳо раҳонидани кӯдакон мебошад.                 Эмкунии зидди бемории гул ва сурхакон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ бо дастгирии фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва ташкилоти байналмилалии тандурустӣ (ВОЗ) гузаронида мешавад.                 Дар маъракаи дуҳафтаинаи эмкунӣ 2,5 млн. кӯдакони аз 1 то 14 сола фаро гирифта мешаванд.                Ваксинатсиякунӣ дар тамоми дармонгоҳҳо, мактабу интернатҳо ва дигар муассисаҳои томактабӣ гузаронида мешавад.

Октябрь 6, 2009 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад