МАШҚҲОИ ЯКҶОЯИ ҲАРБӢ
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Табаров) — Дирӯз дар пойгоҳи таълимии Матибулоқи Ҷумҳурии Қазоқистон даври аввали машқҳои якҷояи Қувваҳои зудамали Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар ин машқҳо намояндагони қувваҳои мусаллаҳи аъзои СААД – Федератсияи Русия, Қазоқистон, Арманистон, Белоруссия, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти вазорати мудофиаи мамлакат иттилоъ доданд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин машқҳо ҳайати афсарони Ситоди генералӣ бо сардории генерал-майор Зариф Бобокалонов ширкат карданд. Дар машқҳои таълимии 7 октябр баргузор шуда тартиб ва усулҳои истифодаи авиатсия ва артиллерияи қувваҳои зудамали СААД, ҳамчунин нобуд кардани душмани шартӣ дар маҳалли аҳолинишин аз худ карда шуд. Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябр ҷузъу томҳои вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201 Федератсияи Русия ва гурӯҳи зудамали вазорати дифои Қирғизистон дар пойгоҳи таълимии Лоҳур машқҳои ҳарбӣ гузаронида буданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






