МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАРИ ДАВЛАТ
13-уми октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як зумра вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор оид ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои муҳим машварати корӣ анҷом дод. Дар боби омодагӣ ба зимистон таваҷҷӯҳи зиёд ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани захираҳои об ва нерӯи барқ зоҳир карда шуд. Дар робита ба ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ҷумҳурӣ дар баробари воридот фурӯши лампаҳои тасфон ҳам дар моҳҳои наздик манъ карда шавад.Ҳамчунин дастур дода шуд, ки пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан таҳти назорати доимӣ қарор бигирад. Аз рафти таҷдид ё худ азнавсозии агрегатҳои нерӯгоҳи обии Норак, ки аллакай чархи дуюмаш аз Украина ба Тоҷикистон расид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Хотиррасон бояд намуд, ки чархи якуми нерӯгоҳ соли равон иваз карда шуд ва он бо иқтидори 335 мегават кор карда истодааст. Чархҳои ҳамаи 9 агрегат дар зарфи 5 сол пурра иваз карда хоҳанд шуд ва дар натиҷа иқтидори лоиҳавии он, ки 3000 мегават аст, аз нав барқарор мегардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масоили соҳаи кишоварзӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба масъулини дахлдор оид ба тезондани ҷамъоварии ҳосили пахта ва омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ супоришҳои мушаххас дод. Баррасии рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмону навсозии роҳу пулҳо, мактабу бемористонҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ низ аз мавзӯъҳои асосии машварат буд.Зимни машварат ҳамчунин таъкид гардид, ки сифати таълиму тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста таҳти назорат қарор дошта бошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






