МЕҲРИ КАСБ
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Муаллими забону адабиёти руси мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 15 шаҳри Душанбе Баҳриддин Муҳаммадиев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки агар муаллим касби худро дӯст дорад ва тамоми дониши худро ба талабагон омӯзад, ин касб барои муаллим ягон душворӣ нахоҳад дошт. Б.Муҳаммадиев бештар аз 10 сол боз дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 15 аз забону адабиёти рус дарс медиҳад. Мактаби мазкур барои муаллимони забону адабиёти рус мактаби намунавӣ ба шумор меравад. Онҳо мунтазам дар ин ҷо ҷамъ омада, таҷрибаи муаллимони варзидаро меомӯзанд. Худи Б.Муҳаммадиев паи ҳам солҳои 2007 ва 2008 «Муаллими беҳтарини сол» дониста шуд. Муаллим нақл мекунад, ки ба ин касби пурифтихор ба туфайли муаллимаи забони русиаш Александра Подвалная меҳр бастааст. Муаллима ашъори А.Пушкин, М.Лермонтов ва В.Маяковскийро хеле пуртаъсир қироат мекард ва мо ҳар як сухани ӯро бодиққат гӯш мекардем. А.Подвалная меҳри касби омӯзгориро дар дили шогирдонаш ҷой кард. Б.Муҳаммадиев тӯли солҳои фаъолияташ теъдоди зиёди талабагонро ба олимпиадаҳои ноҳиявию шаҳрӣ тайёр намудааст. Шогирдони муаллим дар чунин озмунҳо ҳамеша ҷойҳои аввалро соҳиб мешаванд. Имсол шогирди муаллим Рустам Кенҷаев дар олимпиадаи 7 – уми байналхалқии забону адабиёти руси давлатҳои ИДМ ва Балтика ширкат меварзад, ки дар шаҳри Маскав гузаронида мешавад. «Аз ҳама муҳимаш ҳамин аст, ки муаллим бо теъдоди бештари талабагон муносибати хуб дошта бошад. Ман дар фаъолияти худ ҳамин принсипро қатъан риоя мекунам», — гуфт Б.Муҳаммадиев.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






