«МЕРОСИ АБӮҲАНИФА ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО»

Октябрь 2, 2009 15:51

                 Душанбе, 2 октябр. (НИАТ «Ховар»,Фирдавс Таваров)- Имрӯз, 2 октябр, сардори раесати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев роҷеъ ба Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо», ки 5-6 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо иштироки хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷии муқими Тоҷикистон брифинг доир намуд.                Сардори Раесати иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ дар бораи симпозиуми қарибулвуқӯъ маълумот дода, онро ҳамчун як чорабинии муҳими байналмилалӣ арзебӣ намуд. Номбурда зикр кард, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соли бузургдошти Имоми Аъзам ва баргузор намудани ин симпозиуми байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷӣ ҳамовозӣ ва дастгирии ҷиддӣ пайдо карданд. Хотирнишон гардид, ки мақолаҳои сарвари Тоҷикистон бахшида ба шахсият ва таълимоти Имоми Аъзам дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла, Афғонистон, Миср, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ба табъ расиданд.                  Давлаталӣ Назриев хабар дод, ки қариб 500 нафар намояндагони зиеда аз 50 кишвари олам ва Созмони конфронси исломӣ хоҳиши дар кори симпозиум иштирок карданро эълон ва то имрӯз аксари онҳо азми сафари худро ба Тоҷикистон тасдиқ карданд. Таъкид гардид, ки ҳайатҳои нисбатан сершумор аз Россия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ироқ ва дигар кишварҳои дуру наздик намояндагӣ хоҳанд кард.                  Давлаталӣ Назриев диққати хабарнигоронро ба чанд боздиде ҷалб намуд, ки дар нимаи аввали моҳи октябр баргузор мегарданд. Ӯ қайд кард, ки рӯзҳои 5-6 октябр боздиди Вазири корҳои хориҷии Швейтсария хонум Мишелин Калми-Рей ва 7-9 октябр боздиди Вазири корҳои хориҷии Дания ҷаноби Пер Стиг Меллер аз Тоҷикистон сурат хоҳанд гирифт. Дар назар дошта шудааст, ки меҳмонони номбурда зимни сафарашон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии кишвар мулоқот анҷом дода, аз баъзе минтақаҳо ва иншоотҳои ҷумҳурӣ дидан мекунанд. 9-12 октябр бошад боздиди расмии Шоҳзода Оғохони IV дар назар дошта шудааст.

Октябрь 2, 2009 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид