МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ
Душанбе, 6 октябри. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Роҳбарияти КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» имрӯз бо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ мулоқот анҷом дод. Дар он масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини бехатарии парвозҳо, ҳамчунин интиқоли саривақтии бору бағоҷ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Айни замон фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 19 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 6 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷаи дур, 10 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои ИДМ ва 3 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ- «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ист Эйр» хизмат мерасонад. Аксари намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз хизматрасонии фурудгоҳи Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон таъкид карданд, ки сатҳи хизматрасониро ба мусофирон метавон тақвият бахшид. Чун намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ баробар бо кормандони фурудгоҳ масъулияти хизматрасонӣ ба мусофиринро бар дўш доранд, ҷонибҳо иброз доштанд, ки чунин мулоқотҳоро ҳар сари чанд вақт ташкил кардан лозим аст, то камбудию норасоиҳои ҷойдошта бо кўшишҳои якҷоя бартараф гарданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






