МУЛОҚОТ ДАР ИНШООТИ АСР

Октябрь 6, 2009 16:29

                Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 2 октябр дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мулоқоти намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва шоирону адибон бо бунёдкорони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» баргузор гардид.                  Гуфтанист, ки бо ҳидояти Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи майи соли 2008 инҷониб ҲХДТ сарпарасти маънавии НБО «Роғун» аст.                    Муовини аввали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода дар мулоқот роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи муҳимияти бунёди НБО «Роғун» сухан ронда, зикр намуд, ки ҲХДТ омодааст, ки ҷиҳати пешрафти кор дар ин нерӯгоҳ дар ҳама самт мусоидат кунад.                   Муовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдодов оид ба самтҳои афзалиятноки НБО «Роғун» гуфт, ки пеш аз ҳама оғоз гардидани корҳо дар ин нерӯгоҳ имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ муҳайё шаванд. Имрӯз, алакай дар НБО «Роғун» зиёда аз 6 ҳазор нафар фаъолият мекунанд. Инчунин, бунёди НБО «Роғун» шароит фароҳам меорад, ки истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ таъмин шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз бузургтарин кишварҳои содиркунандаи нерӯи барқ дар Осиёи Ҷанубӣ мегардад, ки ба ин васила иқтисодиёти кишвар низ рушд мекунад.                   Инчунин, дар мулоқот адибон Сайидалӣ Маъмур, Шералӣ Мӯсо ва Бахтиёри Муртазо дар бораи таълифи асарҳояшон бахшида ба бунёди иншооти муҳими ҷумҳурӣ ҳикоя карда, зикр намуданд, ки аз ҷараёни бунёди НБО «Роғун» низ асарҳои ҷолиб таълиф хоҳанд кард. Шералӣ Мӯсо пешниҳод намуд, ки дар НБО «Роғун» низ ба мисли НБО «Норак» китобхона ташкил карда шавад ва бо ин мақсад ду китоби хеш – «Сӯг» ва «Дурбин»-ро ба масъулини нерӯгоҳ тақдим намуд.                   Давлаталӣ Давлатзода таъқид кард, ки ҷиҳати вусъат додани кор дар ин иншооти муҳими кишвар дар баробари ҲХДТ, ҳизбҳои дигари сиёсии ҷумҳурӣ, бахусус Ҳизби Назҳади Исломии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон иқдоми ба сарпарастии маънавӣ гирифтани НБО «Роғун»-ро ҷонибдорӣ намоянд, барои манфиати кор буд. Зеро, НБО «Роғун» манфиати тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. «Инчунин, аз Иттифоқи нависандагон низ хоҳиш мекунем, ки ҷиҳати дастгирии маънавии кормандони «Роғун» иқдоми ҲХДТ-ро дастгирӣ намуда, тариқи сафарбар намудани шоирону нависандагон, ҳаҷвиянависон ва ба роҳ мондани дигар барномаҳои фарҳангӣ, рӯҳи заҳматкашонро болида гардонанд», — тазаккур дод Д. Давлатзода.                   Дар фарҷом баҳри болидахотирии заҳматкашони НБО «Роғун» аз ҷониби ансамбли тарона ва рақси «Сомон» таҳти роҳбарии ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов консерт баргузор гардид. Маврид ба ёдоварист, ки барои идома додан ва суръат бахшидани сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳар сол маблағи муайян ҷудо гардида, моҳи апрели соли 2008 барои ҳарчи зудтар ба охир расонидани ин иншооти тақдирсоз бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис дода шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш ҳангоми ба истифода додани агрегати дуюми НБО «Сангтӯда-1» изҳор дошта буд, ки баъди ба истифода додани нерӯгоҳҳои «Роғун», «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» истеҳсоли энергияи барқ ба 33,3 миллиард киловатт-соат расонида мешавад, ки 23-25 миллиард киловатт-соати он барои эҳтиёҷоти дохилӣ сарф гардида, қисмати боқимондааш ба хориҷа содир карда хоҳад шуд. Илова бар ин, тибқи барномаи бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар давраи солҳои 2007-2020 бунёди 71 нерӯгоҳ дар назар дошта шудааст

Октябрь 6, 2009 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд