МУЛОҚОТ ДАР КОХИ СОМОН

Октябрь 6, 2009 17:00

                06-уми октябри соли 2009 дар Кохи Сомони қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як қатор намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷиро, ки барои иштирок дар Симпозиуми байналмилалии «Имоми аъзам ва ҷаҳони муосир» ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.                 Дар мулоқот бо Ноиби раиси Девони вақфи шиъии Ироқ Алӣ ал – Хатиб ва ҳайати ин кишвар масоили ташкил ва густариши ҳамкории ду кишвари дорои муштаракоти зиёди фарҳангӣ баррасӣ шуд.                 Алӣ ал — Хатиб ба андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба паҳлӯҳои гуногуни осор ва таълимоти баркамоли Имоми Аъзам, ки дар суханрониаш дар рӯзи аввали симпозиум баён гашта буданд, баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ӯ «ҳанӯз ҳам зери таассуроти неку фараҳбахш аз ин суханронӣ қарор дорад».                  Ӯ ҳамчунин аз фазои амну субот дар кишвари мо изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки «Ироқ ба омӯзиш ва ибратбардорӣ аз сиёсати дарҳои кушодаи Тоҷикистон ва таҷрибаи сулҳофарии он барои худ ниёзманд аст».                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба ин дархост изҳор дошт, ки Тоҷикистон омода аст баҳри истиқрори сулҳу созиш дар Ироқ ҳама донишу таҷриба ва имкону захираҳои худро мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад.                  Ҳайати Ироқ аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд, ки ба кишвари онҳо ташриф баранд то оромгоҳи Имоми Аъзамро зиёрат намуда, ба роҳандозии ҳамкории барои ҳарду давлат судманд заминагузорӣ кунанд.                  Дар сӯҳбат бо Роҳбари кулли Фонди "Ким се юк ми"-и Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Узкара масоили ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстӣ баррасӣ шуд.                   Меҳмет Узкара иттилоъ дод, ки барои кӯмак ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон фонди мазкур суратҳисоби алоҳида кушода буд ва 350 ҳазор доллари амрикоии дар он ҷамъшударо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки ин маблағ дар сохтмони мактаб дар маҳаллаи нави барои зарардидагон бунёдёбанда равона мегардад.                 Меҳмет Узкара ҳамчунин иттилоъ дод, ки фонди мазкур пештар ба маблағи 70 ҳазор доллари амрикоӣ ба ин зарардидагон маводи хӯрока фиристода буд ва омодагии худро баҳри ҳамкории минбаъда ва кӯмак ба корҳои созандагӣ низ таъкид намуд.                    Мусоҳибон ҳамчунин аз ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла баҳри омӯзишу пайравӣ аз таълимоти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Имоми Аъзам низ изҳори қаноатмандӣ карданд.                   Баъди анҷоми Симпозиуми байналмилалии «Имоми аъзам ва ҷаҳони муосир» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар Имоми Акбари Донишгоҳи ал — Азҳари Ҷумҳурии Мисри Араб шайх Муҳаммад Тантовиро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.                  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Муҳаммад Тантовӣ оид ба ҷараён ва паёмадҳои мунтазираи ин ҳамоиши бузурги илмию фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.                  Шайх Муҳаммад Тантовӣ ба шакли кӯтоҳ ин ҳамоишро «як анҷумани адлу инсоф, ҳимоя аз аъмоли ҳақ ва эҳёи хотираи неку таълимоти омӯзандаи шахсиятҳои бузурги гузашта» арзёбӣ намуд.                    Ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри эҳёи арзишҳои волои бостонии худ, аз ҷумла 5 маротиба ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дастраси хонандагон гаштани Қуръони Карим ва ҷорӣ намудани таълими алифбои ниёгон дар мактабҳо баҳои баланд дода шуд.                  Шайх Муҳаммад Тантовӣ бори дигар таъкид намуд, ки Донишгоҳи ал — Азҳар омода аст барои омӯзондани кадрҳои муассисоти таълими динӣ ва дунявии Тоҷикистон ҳамаи имконоти худро дастрас намояд.                  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Роҳбари иҷроияи Созмони умури исломӣ ва вақфҳои Амороти Муттаҳидаи Араб Муҳаммад Убайд Рошид ал-Мазруиро ба ҳузур пазируфта, оид ба ҳолати имрӯза ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 6, 2009 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд