МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО ҲАЙАТИ КОЛЛЕҶИ МУДОФИАИ БРИТАНИЯИ КАБИР
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова ). – Ин лаҳзаҳо дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо ҳайати Коллеҷи шоҳии мудофиаи Британияи Кабир давом дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки гурӯҳи намояндагони Коллеҷи шоҳии мудофиаи Британияи Кабир дар ҳайати хизматчиёни ҳарбии касбӣ ва мулкӣ аз Ҳабашистон, Италия, Нидерландия, Нигерия, Уммон, Покистон, Сербия, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, ИМА ва Британияи Кабир 4 октябр бо мақсади шиносоӣ бо вазъияти стратегии минтақа ва Тоҷикистон ва баррасии нақшаҳои таъмини амният, субот ва минтақаи пешрафти иқтисодиёти минтақаи Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омада буд. Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти калони стратегӣ ва сиёсии мамлакат ба барномаи таълимии ҳайати Коллеҷи шоҳии мудофиаи Британияи Кабир шомил карда шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






