МУРОҶИАТ БА КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ СММ

Октябрь 9, 2009 14:22

                 Кобул, 9 октябр. (АМИТ «Ховар» — afganistan.ru). – Як қатор вакилони Маҷлиси миллии Афғонистон, фаъолони сиёсию ҷамъиятӣ, намояндагони ВАО ба Президенти ояндаи Афғонистон бо мактуби кушод муроҷиат карданд. Дар муроҷиатнома вазъияти сиёсии мамлакат ғайриқаноатбахш баҳогузорӣ шуда, хавфи барбод додани муваффақиятҳои дар 7 соли охир ба даст омада нишон дода шудааст.                  Тавре шабакаи телевизионии «Тулӯъ» иттилоъ медиҳад, фаъолони ҷамъиятию сиёсии Афғонистон дар баробари муроҷиат ба Президенти Афғонистон, ҳамчунин аз Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид хоҳиш карданд, ки барои муайян кардани ҳолатҳои тақаллубкорӣ дар интихоботи президентии рӯзи 20 август баргузоршуда, комиссияи салоҳиятнок таъсис дода шавад. Дар ҳамин маврид аз Котиби генералии СММ дархост шудааст, то намояндаи махсуси ӯ дар Афғонистон, Кай Эйдро бозпас хонад.                    Ёдовар мешавем, ки муовини намояндаи махсуси Котиби генералии СММ дар Афғонистон Питер Гелбрайт ҳангоми сӯҳбат бо рӯзноманигорон роҳбари собиқи худ намояндаи махсуси СММ дар Афғонистон ҷаноби Кай Эйдро барои дастгирии президент Ҳомид Карзай дар ҷараёни интихоби президентӣ гунаҳгор донист.                    Дар мактуби кушод, қайд шудааст, ки сулҳу субот дар Афғонистон дар сурате муяссар мешавад, ки адолати иҷтимоӣ риоя ва ҳуқуқи шаҳрвандон ҳифз карда шавад. Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дар Афғонистон созмон додани ҳукумати арзанда ва аз тарафи аҳолӣ эътирофшуда ҷавобгар мебошад.

Октябрь 9, 2009 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд