МУРОҶИАТНОМА БА ТАМОМИ СОКИНОНИ ҶУМҲУРӢ

Октябрь 30, 2009 17:13

                 Мо, як гурӯҳ адибони вилояти Суғд, суханронии Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди бунёдкорони нерӯгоҳи бузургтарини Тоҷикистон – Нерӯгоҳи обии барқии Роғун, ки тараққиёти ояндаи давлати тозаистиқлоли мо ба он вобастагии калон дорад, тавассути оинаи нилгун бо мароқи том тамошо кардем ва шунидем. Ин арсаи кору пайкори созандагон ва бунёдгарони иншооти бузург, ки алҳол дар он зиёда аз 6000 ҳазор нафар мутахассисон ва коргарон меҳнат мекунанд, имрӯз ба зафаргоҳе табдил ёфтааст, ки на танҳо мардуми тоҷик ва Тоҷикистонӣ, балки миллионҳо нафар сокинони мамолики ба мо дӯсту ҳамсоя назари умед ва таманною таҳният ба он дӯхтаанд.                    Бо иқдом ва сарпарастии сарвари давлат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 100 адад техникаю мошинҳои пуриқтидор пурра кардани пойгоҳҳои техникии ин нерӯгоҳ аз он далолат мекунанд, ки алҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрат ва тавонои дорад, ки миллионҳо сомониро барои бунёди саривақтии ГЭС-и Роғун сарф намояд. Баробари ин ба ҳашаргоҳи умумихалқӣ табдил ёфтани ин сохтмони азими аср, ки минбаъд дар он наздик 12 ҳазор мутахассису коргар меҳнат хоҳад кард, тақозо менамояд, то ҳар сокини ватанпарвару меҳанпараст ба ягон восита саҳм ва мадади худро ба кори пешрафти он ҳамроҳ намояд. Бахусус, ба тамоми сокинони мамлакат муроҷиат кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба сазовор шудан ва ба даст даровардани саҳмияи Нерӯгоҳи обии барқии Роғун боиси дастгирии ҳамаҷонибаи тамоми халқ мебошад.                   Бе ҳеҷ шакку шубҳа шаҳрвандони мамлакати мо, ки дар заминаи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба анъанаҳои худшиносию худогоҳии ниёгон ва аҷдоди инсонпарвар тарбият ёфтаанд, боиси ифтихор медонанд, ки соҳиби саҳмияи ин боргоҳи ояндаи нуру рӯшноӣ, гармию муҳаббат ва дӯстию бародарии халқҳо гарданд.                   Бо чунин нияти нек ва саҳмгузорӣ ба бунёди ГЭС-и Роғун мо, адибони вилоят, ба Шумо мардуми шарифи кишвар муроҷиат карда, итминони комил дорем, ки чунин иқдоми ватанпарваронаи сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунед ва баҳри пуштибонии он бо ифтихору шарафмандӣ саъю эҳтимоми том меварзед. Бо таманнои ҳарчӣ пештар ва сари вақт ба кор даровардани ин иншооти бузург саҳм гирифтани мо ба тараққиёт ва инкишофи иқтидори энергетикии мамлакат заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.                   Саҳмияи «Роғун» ин ғамхорӣ ба ояндаи халқ ва насли минбаъдаи Ватани азиз мебошад.                   Саҳмияи «Роғун» ин эътимод ба ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат аст.                  Саҳмияи «Роғун» ин ҳиссагузорӣ ба пешрафти мамлакат барои насли оянда хоҳад буд.                   Мо ҳама якдилона ва бо сарбаландию ифтихор саҳмиядори ГЭС-и Роғун гардида, ҳамагонро даъват менамоем, ки аз ин кори хайр дар канор набошанд. Ҳамовозию паҳлудории Шумо ба ободии Тоҷикистони азиз заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.                   Бо эҳтирому муҳаббати самимӣ ба мардуми шарифи диёр Фарзона – Шоири халқии Тоҷикистон, Аъзам Сидқӣ, Атахон Сайфуллоев, Карим Абдулов, Дадоxон Раҷабӣ, Муҳиддин Хоҷазод, Мубинxон Юсуфов, Маъруф Бобоxон, Усмон Олим – Кормандони шоистаи Тоҷикистон, Аҳмадҷони Раҳматзод, Маҳкам Пӯлод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Неъмати Оташ, Муҳаммад Субҳон, Толиб Карими Озарахш, Наимҷон Назирӣ, Неъмат Бобоxон, Муқим Воҳид, Равшан Замир, Олимхон Исматӣ, Давлатшои Тоҳир ва дигарон.

Октябрь 30, 2009 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид