НАҚШАИ ҲАМКОРИҲОИ АМОНАТБОНК БО БДРХ

Октябрь 15, 2009 17:01

                 Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 14 октябри соли равон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов бо роҳбарияти Бонки давлатии рушди Хитой Чэн Юан мулоқот намуданд.                   Дар рафти мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тарафҳо аз ҳамкориҳои солҳои охир байни ду бонки бонуфуз, ки дар доираи Иттиҳодияи байнибонкии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамчунин дар мулоқот аз дастгирӣ ва ҳамкориҳои БДРХ дар лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа ва бозомӯзию тайёр намудани мутахассисони соҳаи бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори миннатдорӣ карда шуд.                 Тарафҳо дар мулоқоти мазкур ба хулосае омаданд, ки дар ояда самтҳои ҳамкориҳоро васеъ намоянд. Ҳамзамон ҷиҳати ҳамкориҳо оид ба маблағгузориҳои лоиҳаҳои бузург изҳори назар карда шуд ва мутахассисини бонкҳои мазкур вазифадор карда шуданд, ки нақша ва дурнамо барои панҷ соли ояндаро ҷиҳати ҳамкориҳо таҳия ва пешниҳод намоянд. Тарафайн пешниҳод намуданд, ки дар нақша ва дурнамоӣ мазкур ба ташхису баҳогузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ афзалият дода шавад.                 Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти «Амонатбонк» иттилоъ доданд. 

Октябрь 15, 2009 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид