НАХУСТИН ҶАРРОҲИИ ИВАЗ КАРДАНИ БУҒУМИ ЗОНУ

Октябрь 20, 2009 16:40

               Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар Маркази ҷумҳуриявии осебшиносӣ ва раддодии (ортопедӣ) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарроҳии иваз кардани буғуми зону бо истифода аз технологияи наву пешқадами замонавӣ гузаронида шуд.                 Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, амалиёти иваз намудани буғуми зону дар Тоҷикистон беш аз 20 сол аст, ки ба роҳ монда шудааст. Вале имрӯз бо шарофати истиқлоли кишвар дар қатори дастовардҳои зиёди назаррас ворид сохтани таҷҳизоти наву замонавии тиббӣ низ хеле хуб ба роҳ монда шудааст.                  Мавриди истифода қарор гирифтани таҷҳизоти нави тиббӣ, ки мансуб ба фирмаи «Делстрингер»-и ИМА аст, имкон дод шаклу усулҳои нави ҷарроҳии иваз кардани буғуми рон ва зону роҳандозӣ карда шаванд. Воқеан ҳазорон нафар шаҳрвандони кишвар ба ҷарроҳии раддодӣ (ортопедӣ) ниёз доранд. Акнун мутахассисони маркази мазкур бо дастрасии таҷҳизоти наве, ки ба Тоҷикистон ворид карда шуд, имкони боз ҳам бештару бо сифати баланд ҷарроҳӣ карданро доранд.                Аз ҷиҳати мутахассисони варзидаву касбӣ бошад, дар ин ришта мушкилоте ҷой надорад. Вале барои пешрафти соҳа касбомӯзии мутахассисон дар кишварҳои мутараққӣ чун Италия ва ИМА дар назар аст.                 Он мутахассисони тоҷик, ки дар ин марказҳои бонуфузи хориҷӣ бозомӯзӣ мекунанд, метавонанд дар кулли мамолики ҷаҳон, дар ин ришта фаъолият дошта бошанд.  

Октябрь 20, 2009 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд