НАМОИШНОМАИ ЯКҶОЯИ ҲУНАРМАНДОНИ ТОҶИКУ АФҒОН
Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Гурӯҳи эҷодии Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, пас аз сафар ба Фестивали байналмилалии театрии Кобул , ба Тоҷикистон баргашт. Тавре ба АМИТ «Ховар» директори Театри ҷавонон Саид Абдуллоев иттилоъ дод, ҳайати эҷодии театр барои ҳакамону тамошобинон ва мухлисони Фестивали Кобул намоишномаи «Чашмони азалии бародар» — ро дар таҳияи коргардони шинохта Мирзоватан Миров пешниҳод карданд. Намоишнома драмаи классикӣ буда, дар он фаҳмиши фалсафӣ доир ба моҳияти инсон таҷассум ёфтааст. Намоишнома аз ҷониби иштирокчиёни Фестивал ва бинандагони Афғонистон самимона истиқбол карда шуд. «Хурсандиовар аст, ки дар рафти Фестивал намояндагони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳамватанони дар ин кишвар қарор дошта, моро дастгирӣ мекарданд,» — гуфт Саид Абдуллоев. Тавре С.Абдуллоев илова кард, дар хотимаи Фестивал аз ҷониби Маркази фарҳангии Афғонистон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳунармандони театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар якҷогӣ бо актёрони афғон намоишномаи нав ба саҳна гузоранд. Бо ин мақсад то охири сол 5 нафар актёрони тоҷик аз театри мазкур ба Кобул мераванд. Айни ҳол сенарияи спектакл муайян карда нашудааст. Дар назар дошта мешавад, ки намоишномаи таҳияшуда ҳам завқи тамошобини Афғонистон ва ҳам ба завқи тамошобини Тоҷикистон мувофиқ бошад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






