НАРХИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ БОЛО МЕРАВАД

Октябрь 6, 2009 11:01

                 Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1500 ширкати сохтмонӣ фаъолият дорад, ки аз он танҳо 20 ширкат ба сохтмони хонаҳои истиқоматӣ машғул мебошад.                  Аз ибтидои соли 2008 то имрӯз барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ амалан маблағ ҷудо карда нашудааст. Ширкатҳои давлатии хонасоз умуман дар ҷумҳурӣ вуҷуд надоранд. Тамоми ширкатҳои сохтмонӣ хусусӣ мебошанд.                    Дар сурати набудани ширкатҳои давлатии хонасоз қобилияти рақобатпазирии ширкатҳои хусусӣ боло рафта, паст шудани арзиши манзили истиқоматӣ аз байн меравад. Алҳол 1 метри квадратӣ хонаҳои истиқоматии дар канори шаҳр ҷойгиршуда баробари 500 – 800 ва дар марказ 1500 долари амрикоӣ ва аз он ҳам зиёд арзиш доранд.                      Бо андешаи коршиносон нархи манзили истиқоматӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба давраи соли 2008 ва ибтидои соли 2009 -5 фоиз боло рафтааст.  

Октябрь 6, 2009 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид