НАЗОРАТИ ДОХИЛӢ ВА САНҶИШ ДАР ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ АСЪОР
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Ассотсиатсияи муассисаҳои хурди молиявии Тоҷикистон ҳамроҳи ҷамъияти ҳамкории техникӣ, рӯзҳои 15-16 октябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Назорати дохилӣ ва тафтиш дар Хазинаи байналмиллалии асъор» семинари омӯзишӣ баргузор мекунад. Мақсади семинар шиносоӣ бо муқаррароти умумӣ ва мафҳуми назорат ва cанҷиши дохилӣ, тартибу ҷараёни санҷиши дохилӣ дар муассисаҳои хурди молиявӣ мебошад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Ассотсиатсияи муассисаҳои хурди молиявӣ хабар доданд, дар семинари омӯзишӣ муовини директори ҶММ «Тоҷикаудитсервис», муаллими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қиёмиддин Мирзоев иштирок мекунад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






