НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАХШИДА БА СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР БОРАИ ИМОМИ АЪЗАМ

Октябрь 2, 2009 17:22

                Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар Маркази ҷумҳуриявии матбуот бахшида ба симпозиуми байналхалқӣ дар мавзӯи «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» нишасти матбуотӣ ташкил карда шуд. Симпозиуми мазкур 5- 6 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.                 Нишасти матбуотӣ таҳти раёсати сардори Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон Давлат Назриев гузашт.                  Қайд карда шуд, ки пешниҳоди гузаронидани симпозиуми байналхалқӣ дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон ҳамовозӣ пайдо намуд.   Дар бисёр мамлакатҳои исломӣ, аз ҷумла, Афғонистон, Миср, Арабистони Саудӣ, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва ғайра асарҳо ва мақолаҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҳаёту эҷодиёти Имоми Аъзам чоп шуданд.               Давлат Назриев хабар дод, ки дар симпозиуми байналхалқӣ аз 50 мамлакати ҷаҳон, аз чумла, Русия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Миср, Покистон, Ҷопон, Туркия, ИМА, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра бештар аз 500 намоянда иштирок хоҳад кард.                 Симпозиум бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр дар Кохи Борбад кушода мешавад. Баъди чошти ҳамон рӯз ва рӯзи дигар дар Кохи Борбад ва Кохи Сомон дар мавзӯъҳои гуногуни бахшида ба эҷодиёти Имоми Аъзам маҳфилҳои гуногун гузаронида мешаванд.                 Дар симпозиум ғайр аз ҳайатҳои асосӣ меҳмонони дигар низ иштирок хоҳанд кард. Аз ҷумла, 5 – 6 октябр ташрифи вазири корҳои хориҷии Швейтсария бону Мишелин Калма – Рай ва 7 – 8 октябр ташрифи вазири корҳои хориҷии Дания Пер Стиг Меллер ба нақша гирифта шудаанд. Меҳмонон зимни сафар бо Президкенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот хоҳанд кард.                 Инчунин 9 октябр валиаҳд Оғохони 1У ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. Ӯ баъди иштирок дар симпозиум дар маросими ифтитоҳи Маркази исмоилиён дар шаҳри Душанбе ширкат варрзида, баъдан аз маркази ВМКБ — шаҳри Хоруғ боздид ба амал хоҳад овард.

Октябрь 2, 2009 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад