НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ФАРХОР
Фархор, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Фархор нишасти матбуотӣ бо иштироки хабарнигорони ВАО баргузор гардид. Раиси ноҳия Шариф Ғаффоров аз натиҷаҳои ҷамъбасти 9 моҳаи ноҳия ба хабарнигорон ахбор дода гуфт, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ ба 8940 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 117,2 %- ро ташкил медиҳад. Инчунин дар ин давра 425 тонна равған, 6280 тонна орд, 255 тонна маҳсулотҳои нонӣ истеҳсол карда шуда, дастраси мардум гардидааст. Ш. Ғаффоров афзуд, ки бо мақсади рушди саноат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ аз тарафи ҶДММ «Корпорасияи Зиёратшоҳ» дар мавзеи Уртабуз фабрикаи ресандагии «Фаррес» бо иқтидори истеҳсолии 1000 тонна калоба дар як сол, дар ҷамоатҳои деҳоти Дарқад, Фархор, Деҳқонариқ ва Ғалаба яктогӣ сехҳои хурди коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ бо иқтидори солонаи ҳар кадом 60 ҳазор қуттии шартӣ сохта шуда, ба кор оғоз намудааст. Дар рафти нишаст доир ба фаъолияти кори соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таъмини лампаҳои каммасраф, сохтмон ва оид ба дигар соҳаҳои дигари афзалиятнок хабарнигорон саволу ҷавоб намуданд. Раиси ноҳия ба ҳамаи саволҳои хабарнигорон посух дод.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






