НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ШӮРООБОД
Шӯрообод, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Шӯрообод бо иштироки хабарнигорони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Иброҳим Азизов аз натиҷаи ҷамъбасти 9 моҳаи соли ҷорӣ ба хабарнигорон ахбор дода гуфт, ки нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ дар ин давра 107,4% иҷро гардида, ба ҷои 1071896 сомонии дар нақша пешбинишуда маблағи 1151213 сомони ворид гардидааст. Ба гуфти И. Азизов дар ноҳия ҳамчунин ба соҳаи кишоварзӣ диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад кишоварзони ноҳия соли равон дар майдони 14868 гектар ғаладонагӣ ва лубиёгиҳо, 435 гектар зироатҳои техникӣ, 185 гектар картошка, 36 гектар сабзавот, 134 гектар полезиҳо ва 1435 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Инчунин дар рафти нишаст доир ба фаъолияти кори соҳаҳои тандурустӣ, маориф, сохтмон, фарҳанг ва дигар соҳаҳои гуногуни мухталифи халқ мавриди саволу ҷавоб қарор гирифт. Раиси ноҳия Иброҳим Азизов ба саволҳои хабарнигорон ҷовоби мушаххас гардонид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






