НИЗОМЗОДА БО ВАЗЪИ ТАҲСИЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ЭРОНӢ ШИНОС ШУД
Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯзҳо намояндаи роҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури донишгоҳӣ ва донишҷӯён Ҳуҷҷатулислом Низомзода бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Аз Сафорати Эрон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадафи сафари намояндаи раҳбари муаззами Эрон ба Тоҷикистон ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Тоҷикистон, шиносоӣ бо шароити таълими донишҷӯёни эронӣ мебошад, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил доранд. Бояд гуфт, ки алҳол дар донишгоҳҳои Тоҷикистон беш аз 1000 нафар донишҷӯёни эронӣ таҳсил менамоянд. Низомзода зимни сафари худ ба Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор мактабҳои олии Тоҷикистон мулоқот намуда, масъалаҳои густариши ҳамкориро баррасӣ намуд. Инчунин, Низомзода аз маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд боздид намуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






