ОҒОХОНИ IV: «СИРЕНА» СОЛИ 2010 БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД»

Октябрь 13, 2009 10:57

                  Душанбе, 13 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Меҳмонхонаи панҷситорадори «Сирена» дар Душанбе моҳи майи соли 2010 ба истифода дода мешавад», гуфт зимни мулоқоташ бо Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Аълоҳазрат Шоҳзода Карим Оғони IV                   Раиси шаҳри Душанбе иштироки ширкатҳои Хазинаи Оғохонро дар таҷдиду эъмори инфраструктураи шаҳри Душанбе муҳим арзёбӣ кард. М. Убайдуллоев сохтмон ва ба истифода додани нахустин Маркази исмоилияи Осиёи Марказиро дар Душанбе самараи неки ҳамкориҳои мутақобилан судманди шаҳрдории Душанбе бо Хазинаи Оғохон маънидод намуд. Инчунин, сохтмони меҳмонхонаи паҷситорадори «Сирена» дар хиёбони Рӯдакӣ, қароргоҳи Хазинаи Оғохон дар шаҳри Душанбе намунаи барҷастаи тавсеаи ҳамкориҳост, афзуд М. Убайдуллоев.                Дар ҷараёни мулоқот мусоҳибон ҳамзамон маҷмӯи масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногун баррасӣ карда, пешниҳодҳои ҷолибу мушаххас баён доштанд.                 Аълоҳазрат, Шоҳзода Карим Оғохони IV зикр намуд, ки ӯ пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе аз моҳи ноябри соли 2008 ҷиҳати сохтмони мактаби тарҳи муосири таълимӣ дар шаҳри Душанберо ҳамаҷониба ҷонибдорӣ менамояд. Дар робита Хазинаи Оғохон барои татбиқи ин ташаббус саъю талош мекунад.

Октябрь 13, 2009 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад