ОЗМУНҲОИ ЭКОЛОГӢ
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандмурод Зикиров, барои пешбурди сиёсати экологӣ дар соли 2009 тавассути ҳамкориҳои судманд бо васоити ахбори умум корҳои ташвиқу тарғиб беҳтар гардид. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба воситаи радиои ҷумҳурӣ 122 ва тавассути телевизион 141 барнома пешкаши шунавандагону тамошобинони телевизион гардонида шуд. Дар рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳурӣ беш аз 238 мақола оид ба сиёсати экологӣ чоп гардид. Ҳамзамон дар сатҳи кумита ва мақомоти марбутаи он 39 конфронс доир карда шуда, дар 48 озмунҳои таблиғотӣ зиёда аз 130 маводу расмҳо манзури тамошобинон ва ҳакамони озмун гардонида шуданд. -Ҳамаи ин чорабиниҳо гувоҳи он аст, ки сиёсати ягонаи давлатии экологӣ дар сатҳи миллӣ пеш бурда мешавад,- иброз дошт Хурсандмурод Зикиров ба мухбири АМИТ «Ховар».








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






