ПЕШГӮИҲОИ КОРШИНОСОН ТАСДИҚ НАШУДАНД

Октябрь 9, 2009 10:22

                   Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — «Соли 2008 вобаста ба бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ баъзе аз коршиносон пешгӯӣ карда буданд, ки Тоҷикистон ба мушкилоти сахти молиявӣ рӯ ба рӯ омада бӯҳрони ҷаҳонӣ ба буҷаи давлатӣ ва нишондодҳои макроиқтисодии он таъсири манфӣ мерасонад. Хушбахтона, ин пешгӯии коршиносон тасдиқ нашуд» — гуфт, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров. Ҳамчунин дар нишасти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, соҳибкории хурд ва овозаҳо дар бораи тақдири минбаъдаи пойгоҳи низомии 201 – и Федератсияи Русия миёни рӯзноманигорон ва роҳбарияти Марказ муколама баргузор шуд.                    «Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба соли гузашта 30 фоиз кам шуда бошад, ҳам ин ҳолат ба сатҳи зиндагии оилаи онҳо таъсири ҷиддӣ нарасонидааст. Агар соли 2008 танҳо 13 фоизи маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ барои рушди корхонаҳои хусусӣ сафарбар шуда бошад, имсол 25 фоизи даромадҳои муҳоҷирон ба харидории таҷҳизот барои таъсис додани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ сарф карда шудааст. Соли 2010 интиқоли маблағ зиёд хоҳад шуд. 95 фоизи амалиёти интиқоли маблағ аз Русия ба воситаи бонкҳо сурат мегирад, ки ин дар навбати худ барои идораи босамари он мусоидат мекунад. Айни ҳол системаи бонкии мамлакат яке аз роҳҳои бехатар, мувофиқ ва осони интиқоли маблағ ба шумор меравад», — изҳор кард сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ Фирӯз Саидов.                  «Овозаҳо дар хусуси дархост кардани пардохт дар ҳаҷми 300 миллион доллари амрикоӣ барои ҷойгиршавии пойгоҳи низомии 201 Русия дар қаламрави Тоҷикистон асос надоранд», — қайд кард С.Сафаров. 

Октябрь 9, 2009 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд