ПЕШГИРИИ БУРИДАНИ СИМИ БАРҚ

Октябрь 8, 2009 17:03

                  Бадахшон, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Чун зимистон фаро расад муқовиматҳо байни кормандони Ширкати барқии Помир ва сокинони вилоят, ба вижа шаҳри Хоруғ оғоз мегардад. Гап дар сари он аст, ки ҳар сол дар ин давра аз тарафи Ширкат комиссияҳо таъсис дода мешаванд, ки дар ҳайати онҳо кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони Раёсати корҳои дохилӣ ва ғайра шомиланд. Кормандони Ширкат дар ин айёми хунукӣ сими интиқоли нерӯи барқро аз хонаҳо ҷудо мекунанд ва бо ҳамин дар фасли сармо мардум аз гармӣ маҳрум мешавад. Соли ҷорӣ низ эътимол аст, ки ин амал боз такрор шавад, зеро аз 3 миллион сомонӣ қарз, ки болои истеъмолкунандагон аст, 2 миллион ба шаҳри Хоруғ рост меояд. Аз ин лиҳоз, имрӯзҳо кормандони Ширкат байни мардум тарғибот мебаранд, то вазъи солҳои сипарӣ такрор наёбаду мардум пули истифодаи нерӯи барқро сари вақт пардозанд.

Октябрь 8, 2009 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд