ПЕШГИРИИ ХАВФИ МИНАҲОИ ЗАМИНӣ ВА ЗИДДИИНФИРОДӢ

Октябрь 13, 2009 10:42

                  Душанбе, 13 октября. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 12 октябри соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа мизи мудаввар оид ба пешгирии хавфи минаҳои заминӣ ва зиддиинфиродӣ баргузор гашт. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Барномаи рушди СММ (UNDP) хабар доданд, мақсади гузаронидани ин мизи мудаввар, муҳокимаи мушкилотҳои мавҷуда ва таъсири манфии минаҳо ба ҳайёти инсон ва оқибатҳои зарари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, беҳтар намудани сатҳи дониш оид ба хатари минаҳо дар байни гурӯҳи мақсадноке, ки ба хатар мувоҷеҳ аст равона карда шуд. Мизи мудаввар бо ширкати 20 нафар кормандони бахши ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар Қӯрғонтеппа, намояндагони раёсатҳои марзбонии кишвар сурат гирифт.                   Иштирокчиён аз ҳафт ноҳияи вилояти Хатлон иштирок намуда оид ба мушкилоти мавҷуда ва пешгирии ҳодисаҳои таркиш сӯҳбат ва табодули назар карданд.                   Бо кӯшишҳои умумӣ дарёфт намудани роҳҳо ва фаъолият баҳри паст намудани сатҳи хавф дар ҷамоатҳои зери хатар ҷойгиршуда ва додани ахбори тоза роҷеъ ба масъалаҳои мина тариқи презентатсияҳо дар бораи оқибатҳои зараровари мина ва қоидаҳои бехафви рафтор ба иштирокчиён пешкаш карда шуд.                    Барномаи «Огоҳкунии Аҳолӣ аз Хатари минаҳо» барномаи омўзишӣ буда, баҳри коҳиш додани шумораи зарардидагон аз таркиши минаҳо равона шудааст ва барои беҳтар шудани фаҳмиши мардум ба хотири ҳифз намудани худашон аз хатари минаҳо саҳм мегузорад. Мизи мудаввар аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх барои дастгирии фаъолияти огоҳсозии ҶҲАТ саҳмгузорӣ шуда, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият бо Маркази Тоҷикистон оид ба Масъалаҳои минаҳо ба танзим дароварда шудааст. Аз январи соли 2008 инҷониб фаъолияти огоҳсозӣ дар ҳафт ноҳияи вилоят амалӣ шуда истодаанд. Хушбахтона, дар соли 2009 бо амалӣ шудани омӯзишҳои пешгирии хатари мина дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳодисаи дучоршавӣ ба таркиши мина рух надодааст.  

Октябрь 13, 2009 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд