ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ МОЛҲОИ ПАСТСИФАТ БА БОЗОРҲОИ ҶУМҲУРӢ

Октябрь 10, 2009 12:32

                 Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Роҳбарияти «Тоҷикстандарт» ва Раёсати Тоҷикматлубот ба мувофиқа омаданд, ки бо мақсади роҳ надодани воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрокворӣ ба бозорҳои истеъмолӣ, соли ҷорӣ дар бозорҳои марказии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода, Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Ҳисор озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрока сохта ба истифода диҳанд.                  Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд, имрӯз аллакай ҳамаи таҷҳизот аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд ва дар назар аст, ки то соли нав ҳамаи онҳо дар озмоишгоҳҳои зикршуда насб шуда, фаъолияти озмоишгоҳҳо оғоз меёбад.                 Инчунин қайд гардид, ки аз тарафи мутахассисони нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ баҳри нигоҳдории бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулотҳои бесифати ғайристандартии барои ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зараровар, ҷорӣ намудани қоидаҳои савдо дар 2090 корхонаву ташкилотҳои савдо ва бозорҳо санҷиш гузаронида санадҳо тартиб дода шуда, дар асоси онҳо дар 1353 ҳолат амрияи ислоҳотии бартараф намудани камбудиҳо ва 603 амрияи манъи фурӯши мол (хизматрасонӣ) ба тасвиб расониданд. 

Октябрь 10, 2009 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд