ПОСУХИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРӢ БА ИЗҲОРОТИ ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИ
Тайи се моҳи охир дар аксар расонаҳои хабарии ғайридавлатӣ масъалаи вобаста ба Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон дар мадди аввали назари рӯзноманигорон ва баъзе ашхоси ба ин масъала иртиботе дошта ва ҳатто надошта, қарор дошт. Зимни интишори ахбор дар масъалаи зикршуда нисбати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоте низ ба аҳли ҷомеъаи кишвар пешниҳод гардид, ки аз асли ҳақиқат фарсахҳо дур буда, майл ба тӯҳмату таҳқир дошт. Вале ба сабаби он ки қазияи донишкадаи номбаршуда дар баррасии судӣ қарор дошт, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз додани маълумот дар ин хусус ва рад кардани маълумоти беасос муваққатан худдорӣ менамуд. Ниҳоят, дар таърихи 23 сентябри соли ҷорӣ Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба масъала баҳои ҳуқуқӣ дода, дар ин бобат таъйинот баровард. Бинобар ин Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мешуморад, ки бо чунин изҳорот ба аҳли ҷомеаи Тоҷикистон муроҷиат намояд: Бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва назорати ҷавобгӯй будани онҳо ба талаботи Стандартҳои давлатии таҳсилоти олӣ, тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вохӯриашон бо кормандони соҳаи маориф 22 декабри соли 2005 баён намуда буданд, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти якчанд муассисаи таҳсилоти олии касбиро, ки ба талаботи меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ набуданд, қатъ ва ё муваққатан боздошт намуд. Ҳамаи ин амалҳо ба мақсади татбиқи сиёсати Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи дониш ва таъмини сифати таълим аст, ба вуқӯъ пайвастанд. Ногуфта намонад, ки боздошт ва манъи фаъолияти муассисаҳои таълимие, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд, дар кишварҳои ҳамсояи мо низ мунтазам сурат мегирад. Аз ҷумла, ба қарибӣ дар пойтахти Русия Донишкадаи фарҳанги маънавии Маскав ба сабаби надоштани бинои таълимии доимӣ, гузаронидани машғулиятҳо дар бинои хонаҳои хусусӣ ва камбудиҳои дигари амсоли он боздошта шуд («Новые известия», №173 (2776), 25.09.09). Дар маҷмӯъ бошад, дар ин кишвар фаъолияти зиёда аз 2 ҳазор муассисаҳои таълимӣ қатъ карда шудааст. Вобаста ба ин масъала Н. Рижков – собиқ сарвазири Итттиҳоди Шӯравӣ эълом доштааст: «Давлат бояд муассисаҳои таҳсилоти олии пешбарро дастгирӣ намояд. Вале на он «донишкадаҳоеро», ки танҳо дар як ҳуҷра ҷой гирифтаанд ва дипломҳои беқурб медиҳанд. Аз ин бало бояд раҳоӣ ёбем» («Аргументы и факты», №39 (1508), 21.09.09). Дар ин самт дар кишвари мо низ аллакай корҳои муайяне ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои супоришу дастурҳои номбаршудаи Сарвари давлат Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъули амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф мебошад, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоте, ки дар раванди таълиму тарбия дар Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон ҷой дошт, маълумотнома пешниҳод намуд.Тибқи ин маълумотнома комиссияи махсус таъсис дода шуд, ки вазъро дар донишкадаи мазкур санҷида баромад. Баъди санҷиш хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои онҳо аз ҷумлаи мутахассисони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, ҳуқуқшиноси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқшиносони аз ташкилоти дигар даъватшуда гурӯҳи корӣ таъсис дод. Гурӯҳи корӣ масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳод намуд, ки қабули довталабон ба донишкада дар соли таҳсили 2009-2010 фавран манъ карда шавад ва масъалаи бозпас хондани иҷозатномаи ин муассисаи таълимӣ баъд аз маълум гаштани натиҷаҳои аттетстатсияи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Дар асоси ин пешниҳод фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07. 2009, № 1450 дар бораи муваққатан манъ кардани қабули довталабон ба донишкада дар соли таҳсили 2009-2010 содир карда шуд. Ин амали Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки дар он салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст (сархати 2: мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф «раванди таълимро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, назорат мекунад»; сархати 18: «қоидаҳои умумии қабули хонандагон ва донишҷӯёнро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мансубияти соҳавии онҳо, таҳия ва тасдиқ карда, риояи онҳоро таъмин менамояд»), моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», ки дар он низ салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявии давлатии маориф дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ омадааст (сархати 13: салоҳияти мақомоти ҷумҳуриявии давлатии маориф «муқарар намудани тартиби қабули донишҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»; сархати 25: «баррасии пешниҳодҳо ва қабули қарори ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фиристодани шикоят аз сифати таълим ва (ё) мувофиқат накардани сифати таълим ба талаботи стандарти дахлдори давлатии таълим») ва талаботи қисми 3, банди 26 «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005, № 254 тасдиқ шудааст («Мактаби олӣ ҳаҷм ва сохтори қабулро мутобиқи иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар мувофиқа бо мақомоти идоракунии системаи маориф муқаррар менамояд») сурат гирифт. Вале донишкада беэҳтиромӣ нисбат ба меъёрҳои ҳуқуқӣ зоҳир карда, фармони мазкурро иҷро накард ва бо аризаи даъвогӣ дар бораи ғайриқонунӣ будани Фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намуд. Вале воқеият нишон дод, ки баръакс, донишкадаи мазкур ғайриқонунӣ рафтор намуда, қабули довталабонро хилофи Фармони роҳбари мақомоти идоракунии системаи маориф — Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07. 2009 ва бе нақшаи тасдиқшуда ба роҳ монд. Дар асоси далелҳои дар боло овардашуда Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни суд исбот намуд, ки ягон асоси ҳуқуқие барои беэътибор донистани Фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07. 2009, № 1450 оид ба муваққатан манъ кардани қабули довталабон ба Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2009-2010 вуҷуд надорад. Бинобар ин, талаб карда шуд, ки аризаи даъвогии донишкада «Дар бораи беэътибор донистани фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07 соли 2009, №1450» рад карда шавад. Оид ба донишкадаи мазкур баъдан қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2009, №12/2 «Дар бораи муваққатан боздоштани амали иҷозатномаи Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон» ва Фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2009, №1761 «Дар бораи татбиқи амалии қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Вале донишкада, мутаассифона, нисбати ин санадҳо низ беэътиноӣ зоҳир намуда, онҳоро иҷро накард, агарчи онҳо дар асоси чунин қонунгузорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ содир карда шуда буданд: Аввалан: Фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2009, №1761 ба мақсади амалӣ сохтани қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2009, №12/2 «Дар бораи муваққатан боздоштани амали иҷозатномаи Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон» содир карда шуда буд. Тибқи муқаррароти мавҷуда ҳар гуна мушовараи вазоратҳо мақомоти машваратӣ буда, қарорҳои онҳо бо фармон ё фармоишҳои раиси мушовараи ин вазоратҳо амалӣ карда мешаванд. Дар мавриди содир намудани фармони мазкури Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун раиси мушовараи ин вазорат ҳамин қоида риоя гардидааст, ки тибқи банди 51 «Низомномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 муайян гардидааст («Аъзои ҳайати мушовараи Вазорат (ба истиснои Вазир ва муовинонаш) бо пешниҳоди Вазир аз тарафи ҲукуматиҶумҳурииТоҷикистон тасдиқ ва озод карда мешавад. Қарорҳои мушовара бо протоколҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармони Вазир амалӣ карда мешаванд»). Ин фармон ба тамоми талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқат дошт ва аз ин рӯ, даъвои донишкада дар бораи мухолиф будани фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунҳои амалкунанда ягон асоси қонуние пайдо накард. Сониян: Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъвои донишкада дар бораи он, ки муайян намудани асоси боздошти амали иҷозатномаи Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон ғайриимкон аст, маълумоти кофӣ пешниҳод намуд. Аз ҷумла, қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2009, №12/2 «Дар бораи муваққатан боздоштани амали иҷозатномаи Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон» дар асоси пешниҳоди Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, ки барои иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №16.1/4-13 аз 11 июли соли 2009 равона шудааст, қабул гардида буд. Асоси пешниҳоди Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифро хулосаи гурӯҳи кории бо Фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисдодашуда аз ҷумлаи мутахассисони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, ҳуқуқшиноси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони даъватшуда ташкил дод. Дар ин «Хулосаи гурӯҳи корӣ ва Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф» омадааст: «Дар асоси ба талабот ҷавобгӯ набудани бинои таълимии Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон ва мувофиқ набудани он ба стандартҳои таълимот, нарасидани омӯзгорони дараҷа ва унвони илмӣ дошта, набудани қироатхона ва шароити мусоид барои мутолиа дар муассисаи таълимӣ, нарасидани омӯзгорони унвондори то 35-сола, ба сифати соатбайъ зиёд фаъолият намудани омӯзгорони ғайриштатӣ, паст будани заминаҳои моддӣ-техникӣ, нарасидани компютерҳои ҳозиразамон, ки ба талабот мувофиқат намоянд, кам будани китобҳои дарсӣ аз рӯи ихтисосҳои фаъолияткунанда, паст будани сифати таълим ва иштирок накардани донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ғайра ва ҳамчунин, дар маҷмӯъ мувофиқат накардани донишкадаи мазкур ба меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса карда мешавад, ки барои санҷидан ва манзур сохтани чунин пешниҳод ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад: 1. Фаъолияти Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон ба талаботҳои акредисатсияи давлатӣ ва шарту талаботи иҷозатнома ҷавобгӯ нест. 2. Аз Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки оид ба боздоштани иҷозатномаи донишкадаи мазкур тибқи тартиботи ҷорӣ чора андешад». Ин хулоса нишон медиҳад, ки қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2009, №12/2 дар асосҳои маълумбуда қабул гардида, даъвои донишкада дар бораи он, ки муайян намудани асоси боздошти амали иҷозатномаи Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон ғайриимкон аст, ягон асос надорад. Сеюм: донишкада даъво дошт, ки асоси боздошти амали иҷозатномаи донишкада ғайриқонунӣ аст. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намуд, ки мувофиқи банди 1 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» мақомоти иҷозатномадиҳанда салоҳият доранд, ки амали иҷозатномаро боздоранд («1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда салоҳият доранд, ки: иҷозатнома диҳанд; ҳуҷҷатҳоеро аз нав ба расмият дароранд, ки вуҷуд доштани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд; мӯҳлати амали иҷозатномаҳоро дароз намоянд; амали иҷозатномаро боздоранд; амали иҷозатномаро барқарор созанд; иҷозатномаро бекор кунанд…»). Ҳамчунин, исбот карда шуд, ки мувофиқи бандҳои 1 ва 2 моддаи 14 қонуни мазкур мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ доранд ҳангоми такроран ошкор кардани камбудиҳо ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозатномаро боздоранд (Банди 1: «1. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми такроран ошкор кардани камбудиҳо ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозатномаро боздоранд… Банди 2. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки мӯҳлати аз ҷониби иҷозатномадор бартараф кардани қонуншиканиро, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, муқаррар намояд. Мӯҳлати нишондодашуда набояд аз се моҳ зиёд бошад. Агар иҷозатномадор қонуншиканиҳои мазкурро дар мӯҳлати муқарраршуда ислоҳ накарда бошад, мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст ба суд муроҷиат намуда, бекор кардани иҷозатномаро талаб намояд»). Дар мавриди донишкадаи мазкур Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳисоб мешавад. Вобаста ба талаботи иҷозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани донишкадаи мазкур, ки иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ дорад, аллакай фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07. 2009 оид ба муваққатан манъ кардани қабули довталабон ба донишкада дар соли таҳсили 2009-2010 содир шуда буд, ки барои қатъи муваққатии ягона намуди фаъолияти таълимии донишкада дар давраи таътили донишҷӯён ва рухсатии ҳайати устодону омӯзгорон, яъне қабули довталабон, равона шуда буд. Аммо ин фармон аз тарафи донишкада иҷро нагардид. Аз ин рӯ, нисбати донишкадаи мазкур, ки такроран ба вайрон кардани талаботи иҷозатнома роҳ дода буд, қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2009 дар бораи муваққатан боздоштани амали иҷозатномаи донишкада қабул гардид ва дар асоси он фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2009 дар бораи татбиқи амалии қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда шуд. Бо далелҳои дар боло овардашуда исбот гардид, ки қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди амалӣ сохтани қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муваққатан боздоштани амали иҷозатномаи Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон» аз 21 августи соли 2009, № 1761 асоси қонунӣ дошта, баръакс даъвоҳои Донишкада дар бораи ғайриқонунӣ будани ин санадҳо ягон асос ҳуқуқӣ надоранд. Ҳамин тавр, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо таъйиноти худ ба қазияи Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон як навъ хотима бахшид. Вале, мутаассифона, роҳбарияти донишкадаи мазкур ва баъзе рӯзноманигорони расонаҳои хабарии ғайридавлатӣ ин масъаларо боз ҳам тезутунд сохта, мехоҳанд аҳли ҷомеъаро ба хато андозанд. Далел бар ин изҳороти донишкада ва он маълумотест, ки ахиран дар нашрияи «Пайкон» (№28 (28), 23 сентябри соли 2009) интишор гашт. Вобаста ба он ки дар мақолаҳои нашршуда тӯҳмат ва таҳқир нисбати роҳбарият ва шахсони масъули Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст, вазорат ният дорад, ки ба мақсади пуштибонӣ аз шаъну шарафи онҳо ба суд муроҷиат намояд. Ҳамчунин, ба таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа расонида мешавад, ки масъалаи хусусигардонии бинои таълимии донишкада, ки моликияти соҳаи маориф буд ва тибқи қонунгузорӣ он хусусӣ гардонида намешавад, масъалаи баҳси минбаъда дар Суди иқтисодӣ қарор хоҳад гирифт, зеро тибқи банди 39-и Нақша-чорабиниҳо «Оид ба иҷрои супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов аз 22.12.2005, ки дар маҷлиси машваратӣ доир ба вазъи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд», ки 9 январи соли 2006 тасдиқ гардидааст, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амволи давлатӣ, вазоратҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва корҳои дохилӣ супорида шудааст, ки «Омӯзиш ва баррасии масъалаи ба соҳаи маориф баргардонидани биною иншоотҳои ба иҷорадодашуда ва фурӯхташуда (биноҳои кӯдакистонҳо, мактабҳо, иншоотҳои ёрирасони муассисаҳои таълимӣ)»-ро ҳаллу фасл намоянд». Илова бар ин, азбаски мувофиқи банди 1 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» донишкадаи мазкур муассисаи ғайритиҷоратӣ аст («Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шахси ҳуқуқӣ буда, ба муассисаи ғайритиҷоратӣ мансуб аст»), фаъолияти пулакии он бояд мувофиқи моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба роҳ монда шавад («Фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимии мазкур фаъолияти тиҷоратӣ ҳисобида намешавад, дар сурате, ки агар даромад аз чунин фаъолият пурра барои пардохти хароҷоти раванду такмили таълиму тарбия, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат дар муассисаи таълимии марбута сарф карда шавад»). Вале дар ин самт ҳам камбудиҳо дар фаъолияти муассиса ҷой доранд, ки онҳо низ минбаъд дар мақомоти судӣ баррасӣ хоҳанд шуд.Котиби матбуоти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Нуралиев