ПРЕЗИДЕНТ ДАР МАРОСИМИ ОҒОЗИ СОХТМОНИ МАСҶИДИ ҶОМЕЪ

Октябрь 5, 2009 09:30

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе05- уми октябри соли 2009                  Ба номи Худованди ҷону хирад!                  Ҳамватанони азиз!                  Меҳмонони гиромиқадр!                  Дар доираи чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба 1310-солагии донишманди мумтози ҷаҳони ислом, асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои аҳли суннату ҷамоат — Имоми Аъзам мо имрӯз шоҳиди боз як рӯйдоди фараҳбахш – оғози сохтмони масҷиди бузургтарини ҷомеъ ва Донишгоҳи исломӣ дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Душанбе мебошем.                   Бо камоли шукрона аз истиқлолияту соҳибихтиёрии мамлакатамон, ки барои вусъати раванди созандагӣ тамоми шароити мусоидро фароҳам овардааст, ин рӯйдоди хотирмонро ба ҳамаи шумо – ҳозирини мӯҳтарам ва тамоми мардуми шариф ва мусулмони Тоҷикистон муборакбод мегӯям.                 Воқеан, ҷавҳари таълимоти ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дини мубини ислом ибодат ба Парвардигор аст.                   Ибодатгоҳро Хонаи худо низ меноманд ва он барои инсони боимону тақводор покизатарин макон мебошад. Розу ниёзи шахси тақводор бо офаридгори худ ба василаи намоз анҷом меёбад, ки он бинои дуюми мусулмонӣ ба ҳисоб меравад.                  Бандагони мӯъмину мусулмон маҳз тавассути намоз ба халлоқи олам саҷда меоранд ва муҳимтар аз ҳама, рӯҳу қалби худро поку мусаффо мегардонанд.                  Аз ин рӯ, бунёд кардани масҷид амали бисёр пурарзиш ва хайру савоб ба шумор меравад. Худованд дар каломи осмонии худ дар ҷои махсус ибодат карданро борҳо таъкид кардааст.                   Аз ҷумла, дар сураи Оли Имрон мефармояд: «Нахустин хонае, ки барои мардум (барои ибодати Худованд) қарор дода шуд, ҳамон аст, ки дар сарзамини Макка аст ва пурбаракату сабаби ҳидояти ҷаҳониён аст».                 Сад шукри истиқлолияти давлатӣ, ки ба шарофати он барои эҳёи арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва динию мазҳабии мардуми мо шароити мусоид фароҳам омад ва мусулмонони кишвари соҳибистиқлоли мо имрӯз фаризаҳои динии худро дар доираи муқаррароти қонун ва бидуни монеа амалӣ мегардонанд.                  Давлати Тоҷикистон тибқи Конститутсия принсипҳои гуногунандешӣ, озодии эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эҳтиром ва риоя карда, татбиқи онҳоро кафолат медиҳад. Тавре ки зикр шуд, масҷид барои мусулмонон макони муқаддаси ибодату ниёиш буда, эътиқодмандон ба хонаи Худо ба хотири бардошти ғизои маънавӣ меоянд.                 Вале бояд дар хотир дошт, ки ин ғизои рӯҳиву маънавӣ низ ба монанди рӯзие, ки аз роҳи касби ҳалол ба даст меояд, бояд ҳалолу покиза бошад, то ақлҳоро равшану нуронӣ гардонад ва дилҳоро ҷилову сафо бахшад.                  Аз ин лиҳоз, ҷойгоҳи парастиши Худованд на ҳамчун минбари таблиғи ҳар гуна ақидаву андешаҳои бегонаи ифротиву тундравона ва хурофотиву ҷудоиандозона, балки чун макони тарбияи ахлоқӣ ва василаи муттаҳидсозии мардуми мусулмон истифода гардад.Зеро дини мубини ислом ҳидоятгари роҳи ростиву растагорӣ мебошад ва мазҳаби таҳаммулгарои мо тариқаву роҳҳои беҳтарини татбиқи аҳкоми шаръи шарифро муайян месозад.                   Яке аз омилҳои муҳимтарини густариш ва интишори таълимоти Имоми Аъзам дар қаламрави Осиёи Миёна, ки дар ҳаёти маънавӣ ва ҷаҳонбинии динии мардумони минтақа, аз ҷумла тоҷикон нақши барҷаста дорад, бо ватани аҷдодии ӯ вобаста мебошад.                    Ҳамин аст, ки шогирдони зиёди Абӯҳанифа аз қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр буда, таълимоти бо урфу оинҳои мардум созгори ӯ ва кушояндаи бисёр мушкилоту масъалаҳои вобаста ба ҳаёти ҷомеаро меомӯхтанд ва тарғибу ташвиқ мекарданд.                   Мазҳаби ҳанафӣ бар пояи усул ва суннатҳои хайрхоҳона ва таҳаммулгароёнаи ислом бунёд ёфта, ба талаботу ниёзҳои моддиву маънавии мусулмонон комилан мутобиқ ва дар зиндагии ҳаррӯзаи пайравонаш татбиқ мегардад.                    Дар доираи чорабиниҳои вобаста ба бузургдошти ном ва мероси ҷовидонаи фарзанди фарзонаи тоҷикон – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит мо имрӯз ба сохтмони бузургтарин масҷиди ҷомеи кишвари соҳибистиқлоламон, ки мувофиқи лоиҳа дар дохил, долонҳо ва атрофи он дар як вақт то 150 ҳазор нафар мусулмонон метавонанд намоз гузоранд, оғоз бахшида, умедворем, ки баъди анҷом ёфтани ин кори хайр мардум барои анҷом додани фарзиёти Худованд бо дили пок, имони қавӣ ва эътиқоди устувор вориди он хоҳанд гашт.                      Бояд гуфт, ки лоиҳаи масҷиди мазкур аз ҷониби Ширкати «Аднон Саффорини»-и Амороти Муттаҳидаи Араб таҳия шудааст ва мо ният дорем, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда сохтмони онро дар муддати панҷ сол ба анҷом расонида, ба хизмати мардуми мусулмони Тоҷикистон ва меҳмонони он супорем.                    Масҷид аз манораи баландиаш зиёда аз сад метр, ҳафт сутун, ки рамзи ҳафт қабати осмону замин ва дарвозаҳои биҳишт мебошад, ҳавз ва якчанд фаввора, инчунин китобхонаву осорхона ва толорҳои махсуси муҷаҳҳаз бо асбобу таҷҳизоти навтарин барои гузаронидани ҷаласаву конфронсҳо иборат хоҳад шуд.                   Дар ҳудуди ҳамшафати масҷид барои Донишгоҳи исломӣ бинои бузурге низ бунёд карда мешавад, ки иншооти аз ҳар лиҳоз муосир хоҳад буд. Зимнан, илова месозам, ки раванди таълим дар Донишгоҳи исломӣ мутобиқи барномаи таълимии замонавӣ ташкил карда мешавад ва хатмкунандагони он дар баробари ҳосил кардани донишҳои илоҳӣ донандаи чандин забони хориҷӣ ва муҳимтар аз ҳама, соҳиби ихтисоси муайян мешаванд.                   Вобаста ба бунёди ин муҷтамаъи бузург мехоҳам махсус таъкид намоям, ки бо дарназардошти мушкилоти иқтисодӣ ва сохтмони дигар иншооти ҳаётан муҳими мамлакатамон мо ин кори хайрро аз ҳисоби маблағҳои хайрияи шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигар, инчунин ташкилоту муассисаҳо ва созмонҳои ватаниву хориҷӣ ба анҷом хоҳем расонид.                  Ва бо бунёди ин иншооти барои мардуми кишварамон бисёр муҳим аз даргоҳи Худованди мутаол умед дорем, ки хонаи мо, яъне Тоҷикистони азизи моро бо назари раҳмат ва инояти худ ҳамеша обод нигоҳ дорад.                   Умедворем, ки дар ояндаи наздик ин мавзеъ ба яке аз марказҳои бузурги фарҳанги исломии кишварамон табдил хоҳад ёфт.Бо ҳамин нияти нек ташрифи меҳмонони арҷманд, аз ҷумла Вазири ҳамкориҳои байналхалқии Давлати Қатар ҷаноби Холид ал-Атияро, ки дар сохтмони иншооти имрӯза нияти саҳмгузорӣ доранд, ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни 1310-солагии Имоми Аъзам, оғоз ёфтани бунёди масҷиди бузурги ҷомеъ ва Донишгоҳи исломӣ самимона табрик менамоям ва барои дар сари вақт ва бо сифати баланд сохта, ба истифода додани он ба сохтмончиён барори кор орзумандам.                   Ташаккур!

Октябрь 5, 2009 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад