ПУЛИ МАРДУМРО КӢ МЕГИРАД?

Октябрь 28, 2009 12:40

                 Қӯрғонтеппа, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Сардори раёсати почтаи тоҷик дар вилояти Хатлон Умеда Собирова изҳор кард, ки пардохти маблағҳо барои хизматгузории коммуналӣ бояд ба воситаи шӯъбаҳои «Почтаи тоҷик» амалӣ карда шаванд. «Мувофиқи талаботи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти маблағ барои ҳамаи намудҳои хизматрасониҳои коммуналӣ бояд ба воситаи шӯъбаҳои «Почтаи тоҷик» амалӣ карда шаванд. Мутаассифона, айни ҳол ин қонун иҷро карда намешавад. Дар бисёр ҳолатҳо маблағҳои пулиро аз дасти одамон назоратчиҳо мегиранд, ки ин ғайриқонунӣ мебошад, — қайд кард Умеда Собирова. – Айни ҳол фақат муассисаи обу корези шаҳри Қӯрғонтеппа расман розӣ аст, ки маблағи хизматрасонӣ аз аҳолиро кормандони «Почтаи тоҷик» қабул кунанд».                   Умеда Собирова илова кард, ки ба дархости шӯъбаи «Почтаи тоҷик» дар вилояти Хатлон, оид ба ситонидани маблағ аз аҳолӣ барои истифодаи қувваи барқ шабакаҳои барқи шаҳри Қӯрғонтеппа то ҳанӯз ҷавоб надодааст. Ҳол он ки, барои шаҳрвандон супоридани маблағ барои хизматрасониҳои коммуналӣ ба воситаи шӯъбаҳои «Почтаи тоҷик» мувофиқ мебошад.

Октябрь 28, 2009 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид