РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Октябрь 24, 2009 09:31

                Суғд, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд «Оид ба Рӯзи фарҳанги ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд» аз санаи 15 сентябр то 24 ноябри соли 2009 бо мақсади равнақи ваҳдату худшиносии миллӣ, тақдими робитаҳои дӯстонаи ҷавонони минтақаҳои гуногуни вилоят, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, ошноӣ пайдо намудани онҳо ба таъриху фарҳанги ниёгон ва анъанаҳои миллӣ чорабиниҳо баргузор гардида истодааст.                20 октябри соли равон дар шаҳри Истаравшан «Рӯзи фарҳанги ҷавонони вилояти Суғд» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳайати 30 нафар ҷавонони лаёқатманду эҷодкор аз қабили роҳбарони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, сарояндагони эстрадаи вилояти Суғд, олимон ва муҳаққиқони ҷавон, донишҷӯён бо роҳбарии Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Рустамчон Ғиёсов иштирок карданд.                  Субҳи ҳамин рӯз мувофиқи барнома дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, Раиси шаҳр Мирхолиқов ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ меҳмононро хуш пазируфтанд. Баъд дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷавонони лаёқатманду эҷодкор аз қабили роҳбарони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, олимону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён бо Раиси шаҳр Мунин Холиқов ва сардори ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Рустамҷон Ғиёсов вохӯрӣ доир намуд.                Имрӯз пас аз гузаштаи 2500 соли мавҷудияти шаҳри Истаравшан аксари гузарҳои шаҳр бо номи ҳунари сокинонаш аз қабили заргарию, оҳангарӣ, дегрезиву сӯзангарӣ, кемухтгариву кордгарӣ, чармгарӣ ва дигар касбҳо вобастагии қавӣ дорад. Истаравшан имрӯз яке аз шаҳрҳоест, ки осорхонаи зиндаи таърихи башариро мемонад. Дар шаҳру деҳот зиёда аз 150 адад ёдгориҳои таърихӣ маҳфузанд, ки ҳар яки он аз 300 то 2500 сол таърих дорад.               Моҳи сентябри соли 2002 шаҳри Истаравшан ҷашни 2500 солагии хешро мутантан таҳлил намуд. Ҷашни мазкур бо шарофату дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Э.Раҳмон ва меҳнати садоқатмандонаи тамоми сокинони кишвари азизамон доир гардид.               Ҷавонон баъд аз вохӯрӣ бо роҳбарон осорхонаи таърию кишваршиносии шаҳр ва Қалъаи Муқтеппа, ёдгории Абуабдуллои Рӯдакӣ, Мавзеъ ҳазрати Шоҳ, коллеҷи ҳунармандон ёдгории таърихии Сари Мазор, Кук Гумбаз корхонаи муштараки Оби Зулол, ёдгории таърихи Савристонро давр зада, дар касри маориф ва фарҳанг натиҷаи сафари худро ҷамъбаст намуданд.               Бо номи базми ҷавонӣ дар тарабхонаи «Азиз» нишасти фарҳангӣ ва бадеъӣ барпо карда шуд. 

Октябрь 24, 2009 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд