РӮЗИ ФАРҲАНГИ ҶАВОНОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Октябрь 28, 2009 12:32

                28 октябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов). — Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба «Рӯзи фарҳанги ҷавонони вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят» санаи 27 октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи фарҳанги ҷавонони вилояти Суғд бо мақсади равнақи ваҳдату худшиносии миллӣ, таҳкими робитаҳои дӯстонаи ҷавонони минтақаҳои гуногуни вилоят, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, ошноӣ пайдо намудани онҳо аз таъриху фарҳанги ниёгон ва анъанаҳои миллӣ баргузор гардид.               Дар чорабинии мазкур қаламрави вилояти Суғд дар ҳайати 60 нафар ҷавонони лаёқатманду эҷодкор аз қабили роҳбарони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ситораҳои эстрадаи вилоят ва театр-студияи ҳазлу мутоибаи «Хандинкамон» олимону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён бо роҳбарии Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Рустамҷон Ғиёсов иштирок карданд.               Субҳи ҳамон рӯз муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Домуллоҷон Ҷаборов дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд меҳмононро хуш пазируфта дар пояи ҳайкали Абуабдулло Рудакӣ гулчанбар гузоштанд. Баъд аз гулчанбаргузорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷавонони лаёқатманду эҷодкор муовини аввали Раиси шаҳр Домулоҷон Ҷабборов ва Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Рустамҷон Ғиёсов вохӯрӣ ва шиносоӣ бо сомонаи шаҳр доир гардид.                Бояд қайд намуд, ки мувофиқи барнома иштирокчиёни «Рӯзи фарҳанги ҷавонони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд» аз корхонаи муштараки «Ҷавонӣ», варзишгоҳи навбунёди маркази вилоят, осорхонаи таърихию кишваршиносии вилоятӣ, боғи фарҳангу фароғатии «Наврӯзгоҳ» дидан ва дар мусобиқаи варзишӣ оид ба «Гуштини миллӣ» иштирок намуданд. Пас бо меҳмонон дар Қасри ҷавонони бо номи «Лоиқ Шералӣ» барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардид. Дар барномаи мазкур сараввал муовини Раиси шаҳр Рухсора Каримхӯҷаева ба сухан баромада, кулли ҷавонони вилоятро бо «Рӯзи фарҳанги ҷавонони вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд» табрику таҳният намуд.       Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Рустамҷон Ғиёсов низ ба сухан баромада, аз ғамхорию меҳрубонии Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда қайд намуд, ки ҷавонон ояндаи миллати тоҷик мебошанд. Баъд аз номи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ҳамаи ҷавонони вилоятро Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Рустамҷон Ғиёсов табрик намуда, ба онҳо муваффақият орзу намуд. Баъдан барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми ҷавонӣ» баргузор шуд, ки дар он театр-студияи ҳазлу мутоибаи «Хандинкамон» ва ситораҳои эстрадаи вилояти Суғд баромад намуда, ҳамаи меҳмононро хурсанд гардониданд.                  Дар вилоят «Рӯзи фарҳанги ҷавонони вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд» идома дорад. 

Октябрь 28, 2009 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд