РАҲМОНОВ БО ПРЕЗИДЕНТИ СОРБОН МУЛОҚОТ КАРД

Октябрь 10, 2009 12:06

                  Душанбе, 10 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Зимни мулоқоти Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов бо Президенти Донишгоҳи Сорбони Париж Жан Клод Колёр масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин донишгоҳи бонуфузи Аврупо дар бахши маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба роҳ мондан ва тақвияти робитаҳои мутақобилан судмандро дар бахши илму маориф, яке аз қадамҳои муҳим ва афзалиятнок дар шароити рушди ҷаҳони муосир арзёбӣ карданд.                  Дар назар аст, ки Вазири маорифи Тоҷикистон аз як қатор муассисаҳои олӣ, миёнаи махсус ва ибтидоии Фаронса дидан менамояд.                  Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ҷиҳати иштирок дар конфронси генералии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Фаронса қарор дорад.                   Тибқи иттилои сардори Маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, конфронси мазкур аз 8 то 12 октябр дар Париж идома ёфта, дар он масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф дар доираи ташкилоти СММ оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО баррасӣ мегарданд.                  Дар конфронс ҳамзамон Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО Кароматулло Олимов иштирок дорад.

Октябрь 10, 2009 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад