РОҲИ КАМ ШУДАНИ БЕКОРӢ ПАЙДО КАРДА ШУД

Октябрь 8, 2009 13:39

                  Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ноҳияи Варзоб ягон сохтмон бе ҷалби мардуми маҳаллӣ сурат намегирад.                  Солҳои охир садҳо қувваи корӣ ба хориҷи кишвар рафт, онҳое ки дар ноҳия боқӣ монданд ҷои корӣ надоштанд. Масъалаи бо кор таъмин кардани аҳолӣ дар ду самт; замин ва сохтмон ҳалли худро ёфт.                   Аз ин рӯ бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мардон дар сохтмони даҳҳо иншооти ба нақша гирифташуда ба кор ҷалб карда шуданд. Аз қувваи кории мардон дар бунёди 56 минтақаи истироҳатӣ, 67 истироҳатгоҳҳои хусусӣ, 30 нуқтаҳои савдо, 3 осоишгоҳ, 8 лагери тобистона ва 11 мактаб истифода карда шуд.                   -Алҳол дар ноҳия 26 ҳазор қувваи қобили меҳнат мавҷуд аст, ки аз он 46 фоизи аҳолӣ бо кор таъмин карда шудааст. Замини кишт, ки 10 – 12 сол бекор хобида буд, ба мардум тақсим карда дода шудааст. Замин ба шуғли дӯстдоштаи занҳо табдил ёфт, онҳо на фақат худро бо сабзавот таъмин мекунанд, балки боқимондаи онро ба бозорҳои Душанбе бароварда маблағ ба даст меоранд,- гуфт раиси ноҳия Ситора Шерова.

Октябрь 8, 2009 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд