САДАМАҲОИ НАҚЛИЁТӢ КАМ НАМЕШАВАНД
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати бозрасии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, новобаста ба чораҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ кам намешаванд. Чунончӣ, 18 октябр дар шоҳроҳи Файзобод – Ваҳдат ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел — Астра» Субҳон Хоҷаев аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада пиёдагарди 11 сола Абӯбакри Ҳикматуллоро пахш кард. Дар натиҷа пиёдагард Абӯбакри Ҳикматулло дар ҷои ҳодиса ҳалок гардид. Умуман дар давоми ҳафтаи гузашта дар ҷумҳурӣ 29 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи он 10 нафар фавтида, 28 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






