САФАРИ ОҚИЛ ОҚИЛОВ БА ПЕКИН
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояҳмедова). – Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов дар иҷлосияи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзи 14 октябр дар Пекин баргузор мегардад иштирок мекунад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар иҷлосияи навбатӣ масъалаҳои бартараф кардани оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, рушди иқтисодиёт, ҳамкориҳо дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ муҳокима карда мешаванд. Дар ҳайати Созмони ҳамкории Шанхай Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил буда, Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон ва Покистон ҳамчун давлатҳои нозири СҲШ ба шумор мераванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






