САЛОҲИЯТҲОИ ПРОКУРАТУРА БА СУД ДОДА МЕШАВАНД

Октябрь 15, 2009 17:35

                 Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул ва мавриди амал қарор додани Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро қабул кард. Узви Кумитаи қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Хадича Ҳакимова зимни шарҳи қонуни мазкур гуфт, ки бо мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур боздошти афроди гумонбар дар даст доштан дар ҷиноят, баррасии молу амвол, гӯш кардани телефони гумонбар ва бастани ҳисоби бонкӣ танҳо бо иҷозати суд сурат мегирад, ки қаблан ин масъулият ба ӯҳдаи мақомоти прокуратураи кишвар вогузор гардида буд.                 Зикр шуд, ки қонуни мазкур бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо, такмили ислоҳоти судӣ дар Тоҷикистон қабул карда шудааст.                  Назар ба андешаи вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ва Юсуф Аҳмадов қонуни мазкур яке аз беҳтарин қонунҳо дар зарфи 10 соли охир буда, як қатор салоҳияти прокуратураро ба ихтиёри суд мегузорад, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муассир мебозад.                  Пешниҳод гардид, ки барои солҳои минбаъда Барномаи мукаммали соҳаи мазкур таҳия карда шавад. Бояд гуфт, ки Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 50 боб ва 486 модда иборат аст.

Октябрь 15, 2009 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд